Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар пайи Анҷумани худ, ки имрӯз 12-уми октябр дар қароргоҳи ин ҳизб сурат гирифт, эълон кард, агар то 1-уми ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ба кайд гирифта нашавад ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом бо далели ғайриконститутсионӣ буданаш бекор нагардад, интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.
Дар қарори ҲСДТ омадааст, ки “бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон амали ғайриконститутсинист, аз ин рӯ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ғайриқонунӣ аст”.
Ҳамчунин ҲСДТ аз КМИРТ талаб кардааст, ки ба кори комиссияи босалохият дар тақалуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ баҳои воқеӣ дода, номзади ягонаи ИНИТ-ро ба қайд бигирад.
Номзади ягонаи ИНИТ -- Ойниҳол Бобоназарова бо далели гирдоварӣ карда натавонистани шумораи лозими имзоҳо то мущлати муайяншуда ба тарафдории худ, аз идомаи рақобатҳои интихоботӣ маҳрум гардид.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев