Мо бояд аз ин чизҳо ҳазар кунем ва кӯшиш кунем, ки касе дигар миллати моро фиреб надиҳад. Касе дигар занҷири истеъмор дар пойи ин миллат набандад. Касе дигар натавонад, ки озодӣ ва истиқлолияти мову шуморо салб кунад. Инсонҳо тасаввур намекарданд, ки онҳо озод нестанд. Мегуфтанд, ки шумо озод нестед, онҳо мегуфтанд, ки мо озод ҳастем. Валекин намедонистанд, ки банд дар куҷои онҳост. Занҷир дар куҷо баста шудааст. Алломаи лоҳурӣ Муҳаммад Иқбол чунин мегӯяд:
Банд андар пой нест, андар дил аст,
Мушкил андар мушкил андар мушкил аст.
Он банде, ки ин истеъморгарон андохтанд, дар пой нест, ки онро бубиниву барои раҳо карданаш кӯшиш кунӣ. Банд дар дил аст. Инсон истеъморро аз дохил қабул мекунад. Вақте ки нияташ нисбати миллати худаш агар мустақил набошад ва ҳамеша худашро вобаста ба ин ва ё он кишварҳои бегона ва гурӯҳҳои бегона бидонад, ин мустақил ҳисоб намешавад. Ман иншоаллоҳ, аз ин ҷаласаҳо, аз ин диду боздидҳо, аз ин заҳматҳое, ки бародарҳо барои ислоҳи зотулбайн мекашанд, як фоли хубе мегирам.
Боварӣ дорам, ки иншоаллоҳ, оянда ҷаласоти мо, ба ҳамаи он ормонҳо ва орзуҳое, ки мо дорем, моро бурда мерасонад. Ва ваҳдат ва якпорчагӣ дар байни миллати ҷафокашидаи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд ва иншоаллоҳ, ки мо озоду мустақил хоҳем шуд. Ва кишвари мо ҳам як кишвари хушбахт ва мардуми мо ҳам хушбахт хоҳанд гашт.
Ва дар охир дуъо мекунам, ки Худои таборак ва таъоло ин кишвари исломии Афғонистонро ва ин роҳбарияти бузургвори онро ҳамеша дар амнияти худ нигаҳ дорад ва ин ихтилофот ва ташаннуҷоте, ки дар ин кишвар аст, ба зудии зуд бартараф шавад, то ин ки ин кишвар пуштибонии ҳамаи кишварҳои мустаъзафи минтақа бигардад.
Ва ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Кобул, 18уми майи соли 1995 Nuri.tj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев