⚠️ Панди аввал: Ҳамеша об бихӯр. Ҳатто агар ташна набошӣ ва эҳсосашро низ надошта бошӣ. Зеро бештари мушкилоти саломатии бадан аз камобии бадан аст.
⚠️ Панди дуюм: Варзиш кун. Ҳатто агар дар авҷи машғулият бошӣ. Зеро ҷисмат бояд ҳаракат дошта бошад. Ҳатто агар пиёда равӣ ва ё машғули шино кардан бошӣ.
⚠️ Панди сеюм: Ғизоятро кам кун. Ҳаваси хӯрданро тарк кун, ки ҳеҷ хайре дар зиёд хӯрдан нест. Худатро аз хӯрдани ғизои дӯстдоштаат маҳрум накун, вале миқдорашро кам кун.
⚠️ Панди чорум: То ҷои метавонӣ, камтар аз мошин истифода кун. Сайъ кун пиёда сари кор ва ё ҳар ҷои дигаре равӣ.
⚠️ Панди панҷум: Аз асабоният дурӣ кун. Қаҳру нороҳатиро тарк кун. Сайъ кун масъалаҳоро осон бигирӣ. Худатро дар шароити нороҳаткунанда қарор надеҳ. Ҳамаи инҳо саломатиятро аз байн мебарад ва руҳияатро доғдор мекунад.
⚠️ Панди шашум: Ҳамон тавре ки мегӯянд, пулатро дар офтоб раҳо кун ва худат дар зери соя шин. Барои худат ва атрофиёнат чизе кам нагузор, зеро пули ба даст омада барои роҳат зиндагӣ кардан аст. На ин ки мо зиндагӣ кунем, то ҷамъаш кунем.
⚠️ Панди ҳафтум: На ҳасрати касеро бихӯр, на ҳасрати кореро, ки наметавонӣ анҷомаш бидиҳӣ ва на ҳасрати чизе, ки наметавонӣ ба дасташ биёрӣ. Аз зеҳнат дур кун ва аслан фаромӯшаш кун.
⚠️ Панди ҳаштум: Фурӯтан бош ва боз ҳам фурӯтан! Зеро пул, мақому, қудрат, нуфуз ва ҳама чиз бо ғуруру худро бузург дидан аз байн меравад. Аммо тавозӯъ ва хоксор, ки бошӣ ҳама дӯстат хоҳанд дошт ва қадру манзалатат болотар хоҳад рафт.
⚠️ Панди нӯҳум: Иртиботатро бо Худо ҳаргиз қатъ накун, ки худопарастӣ сабаби барандашудани ту дар дунёст. Барои рӯзе, ки на сарват ба дардат мехӯрад, на фарзанд ва на мақомат омода бош.
⚠️ Панди даҳум: Ҳамчун як ИНСОН зиндагӣ карданро омӯз ва зиндагӣ кун!
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев