Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Кош сӯи ту даме фурсати парвозам буд
То ба сӯи ту парам, болу пари бозам буд..
Ёди он рӯз ки аз ҳиммати бедори ҷунун
З-ин қафас то сари кӯят пари парвозам буд.
Дигар акнун чи кунам замзама дар пардаи ишқ
Дур аз он мурғи биҳиштӣ, ки ҳамовозам нест.
Ҳамчу тӯтӣ ба қафас бо кӣ сухан соз кунам,
Дур аз он оина рухсори кӣ ҳамрозам буд.
Хостам ишқи ту пинҳон кунаму роҳ надошт,
Пеши ин ашки забонбаста, ки ғаммозам буд.
Рафтиву бе ту надорад ғазалам гармиву шӯр,
Ки нигоҳат мадади табъи сухансозам буд.
1 комментарий
10 классов
🌒🌠🌌🌒🌠🌌🌘🌌🌠🌘🌌🌠🌘🌌🌠🌒
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ...
ХОҲАМ БА ҲАМА РОҲРАВОН РОҲИ САФЕД ,
ХОҲАМ БА ҲАМА ШОМРАВОН СУБҲИ УМЕД.....
Худовандо, бикун худ ҳар диле шод,
Ғаму кулфат бидеҳ аз сина барбод.
Саросар рӯи олам меҳр борон,
Ки хашму кин зудуда гардад аз ёд.
Равад аз лавҳи хотир ном аз ҷанг.
Ба доди он бирас, ки меҷуяд дод.
Ба оне, ки надорад ҳеҷ паноҳе,
Худовандо, лутфи Ту сипар бод. 🤲
✍ Наргис.
ШОМАТОН БА ХАЙРУ ШАБАТОН ХУШУ ОРОМУ ОСУДА ВА НУРОНӢ БОШАД...
ХОБҲОИ РАҲМОНӢ НАСИБАТОН БОД....🤲
🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘.