Anisa Manonova Умрам ба қатори турнаҳо мегузарад, Монанди баҳори бебақо мегузарад. Чун барфи сафеди рӯи бому дари мо, То омадани шамси само мегузарад. Ин зиндагӣ дар кӯчаи бадбахтии дил, Бемазмуну берангу сафо мегузарад. Мо аз ҳама чиз мегузарем баҳри муҳаббат, Ишқ низ кунун зи баҳри мо мегузарад. Дил хӯрда ҳазор ғуссаву ғамҳои ҷаҳонро, Охир зи ҷаҳони бевафо мегузарад. Механдаму пиндорӣ, ки хушбахти ҷаҳонам, Аз ин сари ман донӣ чиҳо мегузарад?! Оҳ ҷони пур аз дарду пур аз ғуссаи ман Аз байни ҳазору як бало мегузарад.
    2 комментария
    18 классов
    🌃🌕🌃🌑🌑🌑🌑🌃🌕🌃 Паноҳи баландиву пастӣ, туӣ... Ҳама нестанд он чи ҳастӣ туӣ. Хирад то абад дарнаёбад туро... Китоби хирад барнатобад туро. Туи он кӣ то ман манам бо манӣ... Дар ин дар мабодам тиҳидоманӣ. Касе ки к-аз ту дар ту назорат кунад Варақҳои беҳуда пора кунад. Нашояд туро ҷуз ба ту ёфтан.... Инон бояд аз ҳар даре тофтан. Супурдам ба ту мояи хешро... Ту донӣ ҳисоби каму бешро. Низомӣ. 🌃🌕🌃🌑🌑🌑🌑🌃🌕🌃 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ.... 🌃🌕🌃🌑🌑🌑🌑🌃🌕🌃 Дарё дар истакони касе рехтан хатост... Аз ҳад ки бигзарем, муҳаббат савоб нест. 🍀🍀🌳🌳🍀🍀🌳🌳🍀🍀🌳🌳 Шекспир мегуфт: Вақте метавонистам суҳбат кунам...Гуфтанд: Гӯш кун... Вақте метавонистам бозӣ кунам... Маро кор кардан омӯхтанд... Вақте коре пайдо кардам издивоҷ кардам... Вақте издивоҷ кардам бачаҳо фарёдкашон омаданд... Вақте онҳоро дарк кардам ва сокиташон намудам, маро тарк карданд.... Вақте ёд гирифтам чигуна зиндагӣ кунам...Зиндагӣ тамом шуд. 🍀🍀🌳🌳🍀🍀🌳🌳🍀🍀🌳🌳 Шаб ба хайр ! 🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
    35 комментариев
    11 классов
    Толстой дар 82 солагӣ китоби «Ман наметавонам сокит бошам»-ро навишт. Берноурд Шоу дар 93 солагӣ намоишномаи «Қиссаҳои фавқулодаи панд омӯз»-ро навишт. Пикасо дар 90 солагӣ беҳтарин наққошиҳояшро кашид. Черчил дар 82 солагӣ китоби «Таърих кишварҳои англис забон»- ро навишт. Сомерсет Моэм дар 84 солагӣ китоби «Дидгоҳҳо- ро навишт. Пас ҳеҷвақт барои ҳеҷ чиз дер нест.
    2 комментария
    10 классов
    Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид, Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем. #_Ҳофизи_Шерозӣ
    3 комментария
    15 классов
    Замину осмон бо ин ҳама дурӣ вафодоранд, Вале ҳайфо, ки инсонон канори ҳам ҷафокоранд. Бирав, мағурур бош, аммо Худоро дар дилат бигзор, Ки ҷумла хоксорикардагон дар зиндагӣ хоранд. Даво мехоҳӣ гар ту, рав, ба назди дардмандон шин, Табибони раҳи ҳақ хештан ғамдору беморанд. Ду бегона ба ҳам ёранду мефаҳманд дили ҳамро, Ду ҳамқисмат ба як хона вале ағёру ноёранд. Фиғон аз ишқи дил, душман шавад дилро пас аз анҷом, Фиғон аз одамиён, мурдахоҳу зиндабезоранд. Шудам ҳайрони ту, эй зиндагӣ, бо ёди зардорон, Саропошон бирезад зар, вале дар сина ғам доранд. Бикун ту росткорӣ, росгӯйиро вале кам кун, Ки аз ин ростгӯӣ росткорон лолу ночоранд. Дилам сӯзад бар ононе, ки саҳроро ба хуни дил Намуда гулъузору лек ин дам ҳар куҷо хоранд. Дигар ман шоириро тарк хоҳам кард баъд аз ин, Ки бе зар аз рухи зарди ману ҳам шеър безоранд. ✍️Рамазон Ҷелматов.📖
    2 комментария
    20 классов
    Зиндагӣ ҳарчанд оғӯшат бароям сард буд, Хандаи зебо сипар бар рағми сӯзу дард буд. Бастааст обила пойи умр аз ҷабри раҳат, Зистам, то кас нагӯяд, як зани номард, буд. ✍️Лолаи Саидакбар
    3 комментария
    17 классов
    Ҳеҷ гоҳ хусумат накунед. Ҳезумкаше аз ҷангал миқдори ҳезум бар пушт сӯи шаҳр меомад. Чӯбҳо хеле вазнин буданд ва ӯ метарсид, ки касе аз роҳгузаронро осеб нарасонад. Бинобар ин, бо садои баланд мегуфт: "Муроқиб бошед, муроқиб бошед". Роҳгузарон садои ҳезумкашро шунида, аз ӯ фосила мегирифтанд, то аз чӯбҳо эмин бошанд. Аммо дар миёни роҳ, марди ситезаҷӯйе, ки бо ҳезумкаш хусумат дошт, садои ӯро шунид, аммо роҳ боз накард. Дар натиҷа, чӯбе пироҳани мардро пора кард ва ӯ ба ҳезумкаш даруфтод. Моҷаро онҳоро ба назди қозӣ бурд. Қозӣ аз ҳезумкаш суол пурсид, аммо ҳезумкаш ҷавобе надод. Қозӣ суолро бори дуюму сеюм такрор кард, аммо ҳезумкаш хомӯш буд. Баъдан қозӣ аз марди роҳгузар пурсид: Оё ҳезумкаш кар ва гунг аст? Мард гуфт: Ҷаноби қозӣ, ин кас комилан забони солим дорад ва метавонад ба дурустӣ ҳарф занад? Қози пурсид: Аз куҷо медонӣ, ки ин кас метавонад ба дурустӣ гап занад? Мард гуфт: Зеро ӯ дар роҳ ба мардум фарёд мезад, ки муроқиб бошед. Қозӣ табассум кард ва пай бурд, ки ситазаҷӯйии марди роҳгузар буд, ки боиси пора шудани либосаш шуд. ------------- Ҳеҷ гоҳ ситезаҷӯйӣ накунем, ки алайҳи худамон тамом мешавад ва агар касе ҳам ба мо ситеза кард, сабр кунем. АЗ ҲАР ЗОВИЯ
    3 комментария
    15 классов
    🌹🏺📚📚📚📚🪟☀️🪟📚📚📚📚🏺🌹🏺 Чи накӯ тариқ бошад, Ки Худо рафиқ бошад.... Саломе ҳамроҳ , бо атри меҳрубониҳои бетаваққӯъ... Бо тавлидҳои дубора, дар ҳар нафас ва ҳар тапиш... Бо бархостан ва идомаи меҳр додан ... Ва талоше, барои лабханде, дар чеҳрае кушудан ва эъҷоз кардан... Ва то таҳи хатти сабзи шодиҳо давидан ва тулӯи бахтро салом кардан... Ба саломе, ки аз аз он дил хабар дорад, дили дигареро оби софи меҳр додан, ва бо чанд калимае, чеҳраеро аз шодӣ,чун гул зебо кардан ... Ба ин умедҳо субҳеро, ки панҷаракушои хайр аст, боз ҳам ба хайртар мегӯем: Бошад, ки насими ин субҳ зулфи хотиратонро биорояд ва дилҳоятонро аз муҳаббат лабрез кунад. 🏺🌹🏺▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️❤▪️▪️▪️🏺🌹🏺 Эй муниси ҳар кӣ ҳамдам надорад... Танҳоӣ, чӣ талх буд, агар ҳузури ширини ту набуд. Ва бекасӣ чӣ душвор, агар ту ҷои ҳамаро пур намекардӣ. Танҳо касест, ки аз доштани ту маҳрум аст. Худатро аз мо дареғ макун ... Эй ёри ҳар кас, ки ёвар надорад!!!! Ту боғи шукуфаҳо ва шукуфаи боғҳо... Ва мағриби асрор ва асрори мағриб... Ва машриқи анвор ва анвори машриқӣ. Агар ту набудӣ, пайванду ҷудоӣ таҳаққуқ намеёфт.... Арш набуд ва фарш густардаву, абр бардошта намешуд. Оташ намесӯзонд ва фанову бақо гирифтан ва атову асрор, дигар набуд. Анвор бар биноҳо наметофт ва дарёҳои офариниш, бар атвор равон намешуд. Ту, иксири дилҳо ва ҳавзи боғи ғайбҳо ҳастӣ. 🌹▪️🏺▪️🌹▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️ Барои хотирам ғам офариданд Туфайли чашми ман нам офариданд. Чу субҳ он ҷо ки ман парвоз дорам Қафас бо бол тавъам офариданд. Арақ гул кардаам аз шарми ҳастӣ Маро аз чашми шабнам офариданд. Гуҳар мавҷ оварад, ойина ҷавҳар Дили беорзӯ кам офариданд. Ҷаҳон хунрезбунёд аст, ҳуш дор Сари сол аз муҳаррам офариданд. Видоъи ғунчаро «гул» ном карданд Тарабро мотами ғам офариданд. Илоҷе нест доғи бандагиро Агар бешам в-агар кам офариданд. Кафи хоке ки бар бодаш тавон дод Ба хун гил карда Одам офариданд. Тилисми зиндагӣ улфатбино нест Нафасро як қалам рам офариданд. Агар олам барои хеш пайдост Барои ман маро ҳам офариданд. Чи сон тобам сар аз фармони таслим Ки чун абрӯям аз хам офариданд. Дили Бедил надорад чора аз доғ Нигинро баҳри хотам офариданд. Субҳ ба хайр ! 🏺🌹🏺📚📚📚📚🪟☀️🪟📚📚📚📚🏺🌹🏺
    43 комментария
    18 классов
    Модар ту дунёи манӣ...... Духтаре аз модараш пул хост, аммо модар ба ӯ пул надод. Медонист, ки духтараш пулро дар ҷойҳои беҳуда сарф мекунад. Духтарро қаҳру газабаш боло шуду ба хона даромад. Пас аз чанде, ки модар дар ошхона машғули хурокпази буд, духтар омада дар назди дари ошхона рост истода варақеро бароварду хонд: ___1.Маблағе, ки ман дар муддати ин ҳафта хонаро руфтам 70 сомон. ___2.Маблағе, ки ба чои шумо рафта аз бозор харочот карда мибиём 20 сомон. ___3.Маблағе, ки додару хоҳаронамро нигоҳубин мекунам 20 сомон. ___4.Маблағе, ки дар мактаб бо баҳои хуб мехонам 70 сомон. ___5.Маблағе ки ба чорво нигоҳ мекунам 20 сомон. Ҷамъ ҳамаги 200 сомон ин ҳафта бояд ба ман диҳед, зеро ки Расули Худо ( с.а.в ) мегӯянд, Музди коргарро пеш аз хушк шудани арақи ҷабинаш бидиҳед. Модар лабханд зада варақро аз дасти духтараш гирифта дар пушти он менависад: ___Маблағе, ки 9 моҳ дар батнам туро бардоштам ин бебахост. ___Маблағе, ки 20 моҳ туро аз пистонам шир додам инам бебаҳост. ___Маблаге ки дар хурдсолиат туро шустушуй мекардаму либосатро иваз мекардам инҳам бебаҳост. ___ Маблағе, ки шабҳои бедорхоби мекашидам, дарҳолати бемориат то субҳ менишастам ин бебаҳост. То имруз тамоми сару либосе бароят харидам инҳо ҳам беҳисобанд.!!! Эй духтарам инҳо ҳам яксу он муҳаббате, ки нисбат ба ту дорам, нарх надорад. Духтар навиштаҳо Модарашро дид, чашмонаш пур аз ашк шуданду ба сӯи Модар гуфт: "МОДАР МАРО БУБАХШ" Сипас варақро гирифту бо хатти калон дар зери навиштаҳои Модараш навишт: "КАРЗЕСТ, КИ ҲАРГИЗ АДО КАРДА НАМЕТАВОНАМ!!!" --- Бале додар ва хоҳаракои Исломи МОДАР чӣ қадар қиммату меҳрубону ғамхор аст нисбати мо фарзандон аммо мутаасифона баъзе аз ашхос Модари худро суханони қабеҳ мегуянд, сахт меранҷонанд дар ҳоле, ки Худованд ҳатто уфф гуфтанро дар назди Падару Модар раво надидааст. <<Аз саҳифаи "ФОСИЛАҲО ХЕЛЕ ДУРАНД "...>>
    2 комментария
    13 классов
    🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠 АССАЛОМУ АЛАЙКУМ..... ДУО ГУЯМ , ДАР ОҒУШИ ШАБИСТОН , ҲАМЕША ХУШИҲО БОШАД БА ДУСТОН . РАҲИМӢ ОЯД  АЗ  ДАРГОҲИ РАҲМОН , КИ БОШАД ХАНДА ДАР ЛАБҲОИ ДУСТОН ... 🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒🌒 ПАНДИ ШАБОНА Аз ҳаким пурсида шуд: - Чанд намуди дӯстӣ вуҷуд дорад? - Чор, - ҷавоб дод ӯ. 1) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди хӯрок - шумо ҳар рӯз ба онҳо ниёз доред. 2) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди дору, вақте ки шумо худро бад ҳис мекунед, онҳоро меҷӯед. 3) Дӯстоне ҳастанд, ба монанди беморӣ, худашон шуморо меҷӯянд. 4) Аммо дӯстоне ҳастанд, ки мисли ҳаво ҳастанд - онҳо намоён нестанд, аммо онҳо ҳамеша бо шумо ҳастанд ... Бо кӣ зарур аст, тақдир онро боз хоҳад овард. 🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰🕰 ШАБИ ХУШУ ХОБҲОИ РАҲМОНӢ , ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ  !.
    57 комментариев
    5 классов
Закреплено
  • Класс
  • Класс
Показать ещё