Имом Ҳасани Басрӣ мегуяд: Дар Макка назди марди матоъфурӯше таваққуф карда, хостам матоъе аз ӯ харидорӣ намоям, аммо ҳангоме, ки дидам барои васфи молаш савганд мехӯрад, бо худ гуфтам: Харид аз чунин касе раво нест. Ӯро тарк карда аз дигаре харид намудам.
Ду сол баъд аз он ҳодиса ба нияти адои ҳаҷ боз ба Макка рафтам ва боз ҳам ҳамон марди матоъфурӯшро, ки ҳангоми муомила бисёр савганд мехӯрд, дидам. Дар наздаш таваққуф кардам. Аммо ин бор аз ӯ нашунидам, ки молашро васф кунаду савганд хӯрад.
Гуфтам: Оё ту ҳамон касе нестӣ, ки чанд сол пеш дар наздат будам?
Гуфт: Бале
Гуфтам: Чи чиз боис шуд, ки ин гуна тағйир кунӣ? Ва ҳоло намебинам, ки барои таъриф аз молат савганд ёд кунӣ.
Гуфт: Зане доштам, ки агар бо андак пулу мол ба хона боз мегаштам, онро кам пиндошта таҳқираш мекард. Ва агар пулу моли кофӣ ҳам мебурдам, боз ҳам норозӣ буд. Аммо он зан вафот кард ва ман зани дигар гирифтам.
Ҳоло ҳар гоҳ аз хона берун шавам, занам гӯшаи либосамро гирифта ба ман мегуяд: Фалонӣ, аз Худо битарс ва ҷуз моли поку ҳалол чизе ба хона наёвар. Агар бо пули андак ҳам ба хона баргардӣ, онро зиёд медонам. Ва агар чизе ҳам наорӣ, туро бо пулу даромади ресандагии худ ёрӣ медиҳам, аммо пул ва моли ҳаромро аз ту намепазирам.
/azharzoveya
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Кунад марди дарвешро подшоҳ