Кафшдӯз нигоҳе ба он карду гуфт: Ин кафш се кӯк мехоҳад. Арзиши ҳар кӯк як танга.
Муштарӣ пазируфт ва се танга супурду гуфт: Баъд аз соате омада кафшҳои дӯхташударо мегирам.
Кафшдӯз даст ба кор шуд. Кӯки авввл, кӯки дуввум ва ниҳоят кӯки сеюмро тамом кард. Аммо бо як нигоҳи амиқ дарёфт, ки агар як кӯки дигар дӯзад, умри кафш бештар хоҳад буд. Дудила шуд. Аз як сӯ музди корашро гирифта буд ва дигар наметавонист, ки аз он зиёд талаб кунад, аз сӯи дигар ҳайрон буд, ки кӯки чорумро бизанад ё на?
Ӯ миёни нафъ ва ахлоқ монда буд. Як дуроҳаи сода, ки ҳеҷ кадом хилофи ақл нест. Агар кӯки чорумро назанад, ҳеҷ хилофе накарда, аммо агар занад, инсониятро ба ҷо овардааст.
Дунё пур аз "кӯки" чаҳорум аст ва ману шумо кафшдӯзи дудила. Биёед кӯки чорумро беминнат ва бечашмдошт бизанем.....(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев