Предыдущая публикация
Ҳам ибтидову интиҳо ишқ аст .
Ғам медиҳӣ, ғам мебарӣ, эй ёр
Рашку низову моҷаро ишқ аст.
Ҳангомаю таҳдиди рафтан чист?
Қалбе, ки мегӯяд, биё, ишқ аст .
Бе ту замин маҳзуну ғамгинест
Истораву шамси само ишқ аст.
Меҳроби поку минбару воиз
Шаб гиряву дасти дуо ишқ аст.
Аз як нигоҳе дил ба оташ рафт,
Ойинаи чашмони мо ишқ аст.
Медонӣ дар ин олами ҳастӣ,
Гоҳе ғаму дарду бало ишқ аст.
Изҳори навмедӣ макун, эй дил
Бахшидану лутфи Худо ишқ аст.
Гуфто:,,Бихон,, ашъори зеборо
Ҳар ҷумлаву ҳарфу ҳиҷо ишқ аст.
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев