Предыдущая публикация
Ё нуқтаи холӣ лаби майнуши ту монам.
Хоҳам бишавам бода ба лабҳои ту резам,
Маст аз маю рухсори ту мадҳуши ту монам.
Як лаҳза ҷудо шуданам аз ёди ту сахт аст,
Чун соя ба дунболи ту, ҳамдуши тумонам.
Хоҳам бизанам мавҷ, хоҳам бизанам мавҷ ба дарёи хаёлат,
Ё ғарқаи Имону сафоҷуши ту монам.
Хоҳам бикашам сурати эҳсоси ту дар дил,
Наққоши ту, афсуни ту сархуши ту монам.
Дар мусҳафиҳаш номаи ишқат шавад илҳоқ,
Чун Рустами достону Сиёвуши ту монам.
Чун барф шавам об зи анвори нигоҳат,
Мафтуни ту, хомуши ту дилхуни ту монам.
Хоҳам гузарам аз гунаву ҷурму Оина нигоҳи ту хатопӯши ту монам.
Ҳар лаҳзаву ҳар сония дар ишқи ту сӯзам,
Эй кош мабодо, ки фаромуши ту монам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев