Наям аз кори ту ғофил, ҳамеша дар корам,
Ки лаҳза-лаҳза туро ман азизтар дорам.
Ба зоти поки ману офтоби салтанатам,
Ки ман туро нагузорам,ба лутф бардорам.
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ...🍀
ЗИНДАГӢ БОЯД КАРД, БИГЗОР ҲАР МУМКИНЕ ПЕШ ОЯД....
УМЕДВОРАМ АВВАЛИ МУМКИНҲО ҲОЛИ ХУБИ ШУМО БОШАД !....
ПАЙКИ СУБҲИ ҶУМЪА
ХУДОЁ !...
Як субҳи зебои дигарро, бо тарануми дилнишини парандагонат оғоз менамоем...
Шукр барои як рӯзи тозаи дигар...
Шукр барои саломатии ҷисму ҷон...
Шукр барои вуҷуди арзишманди азизонамон...
Шукр барои Ҷумъа-и хайролудаи дигар....
Шукр барои оромиши зеҳниву қалбӣ....
ХУДОЁ !...
Моро қалбе бидеҳ, ки саросар онро ҳузурат фаро гирифта бошад, чуноне ки хун дар рагҳоямон ҷори бошӣ, ки макони хурдакаке барои ноумедӣ намонда бошад.
ТУ БАРОЯМОН УМЕДИ МАҲЗӢ !
Ҳар нафасе ки мекашем ва дар интизори нафасҳои баъдӣ, мемонем;
Яъне ба ту умед дорем .
📔☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔☀️📔
Тулӯи Ҷумъа нурафшони дилҳо !
🌿🌹📖🌹📖🌹📖🌹📖🌹🌿
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 34
Аз худ биталаб к-аз ту ҷудо нест Худо.
Аввал ба Худо гар ба Худои ба Худо,
Иқрор биёори ба Худоии Худо.