__Дил бе Ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ.
___Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
__Дарёб заъифонро дар вақти тавоноӣ.
___Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
__Гуфто: “Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ”.
___Сад боди сабо имшаб, бо силсила мерақсанд,
__Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ.
___Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
__К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
___Ё Раб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам,
__Рухсора ба кас нанмуд он шоҳиди ҳарҷойӣ.
___Соқӣ, чамани гулро бе рӯйи ту ранге нест,
__Шамшод хиромон кун, то бод биёроӣ.
___Эй дарди Туам дармон, дар бистари нокомӣ,
__В-эй ёди Туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
___Дар доираи қистмат мо нуқтаи паргорем,
__Лутф он чӣ Ту андешӣ, ҳукм он, ки Ту фармоӣ.
___Фикри худу ройи худ, дар олами риндӣ нест,
__Куфр аст дар ин мазҳаб, худбиниву худроӣ.
___З-ин доираи мино хунинҷигарам, май деҳ,
__То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
___Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯйи хуши васл омад,
__Шодит муборак бод, эй ошиқи савдоӣ.
ҲОФИЗ ШЕРОЗӢ.
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Ту низ эй дида хобе кун муроди дил барор охир
Манам ё Раб ки чононро зи ораз буса мечинам
Дури субхидам диди ки чун омад ба кор охир
Муроди дунёиву укби ба ман бахшид рузибахш
Ба гушам кавли чанг авал ба дастам зулфи ёр охир
Чу бод аз хирмани дунон рабуд хушае
То чанд зи химат тушае бардору худ тухме бикор охир
Дило дар мулки шабхези гар аз андух нагрези
Дами сухбат башоратхо биёрад з он диёр охир
Бути чун зону зад майи чун лаъл пеш овард
Ту гуйи таъбаш Хофиз зи соки шарм дор охир .