Юсуф дар чоҳу зиндон гурги адл ҷуёи тадбир аст.
Зулайхо мекашад нақше ба мистарҳои шаҳвонӣ,
Дару девори ҳақ донӣ, ҳама орӣ зи тасвир аст.
Ба лабҳо раббано, аммо хиёнат пешаи мардум,
Хиёнат роҳи бадкорон , разолатбору вофир аст.
Ба сад ру бингарад оне дурангӣ дар бисоти уст,
Гуноҳу нафси малъунаш мисоли оташу тир аст.
Ба хун андар шавад хуйе раҳойи худ куҷо бошад,
Ҳаёро мефурушад з-он, ки ӯ расвои танвир аст.
Зи ҳар ранг мебарад дилро ба андарзҳои шайтонӣ,
Фалак андар таҳайюр аз касе дорои тазвир аст.
Маҷу хатти вафо аз Ширине маъшуқи Хусравҳост,
Биҷу маъвои ишқ аз синае, ки поку тоҳир аст.
Намонад ҳеҷ асроре ба зери пардаи хилват,
Шавад шармандаи ҳарду ҷаҳон, орӣ зи мағфир(л) аст.
Дареғо, мешавад ҳарфам шаҳиди макри таннозе,
Ман аз марги вафо тарсам, агарчӣ сина собир аст.
Нависад номаи аҳду вафоро килки Пайдовар,
Зи беаҳдии ёрон водареғо шиста дилгир аст.
Шараф Пайдовар Умарзода.
13.01.2023.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев