Предыдущая публикация
То ба сӯи ту парам, болу пари бозам буд..
Ёди он рӯз ки аз ҳиммати бедори ҷунун
З-ин қафас то сари кӯят пари парвозам буд.
Дигар акнун чи кунам замзама дар пардаи ишқ
Дур аз он мурғи биҳиштӣ, ки ҳамовозам нест.
Ҳамчу тӯтӣ ба қафас бо кӣ сухан соз кунам,
Дур аз он оина рухсори кӣ ҳамрозам буд.
Хостам ишқи ту пинҳон кунаму роҳ надошт,
Пеши ин ашки забонбаста, ки ғаммозам буд.
Рафтиву бе ту надорад ғазалам гармиву шӯр,
Ки нигоҳат мадади табъи сухансозам буд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Борат бикашам ки хубрýйи .