Дардо, ки ту моли дигаре ҳасти,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад.
Побаста ба ҳоли дигаре ҳасти,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад.
Ҳарчанд ду ёри ҷонфидо ҳастем,
Монанди ду соҳили ҷудо ҳастем,
Обем зи ҳаҷру ҳам адо ҳастем,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад…
Аз он ки ту банди кори худ ҳасти,
Нохоста аҳд бо касе басти,
Чун шиша зи ҷабри санг бишкасти,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад…
Аз он ки сабурӣ пеша кардам ман,
Наздикӣ на, дурӣ пеша кардам ман,
Андешаи ту ҳамеша кардам ман,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад…
Бо ёди ту ошиқона мегардам,
Шармандаи ин замона мегардам,
Охир ба ҷаҳон фасона мегардам,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад…
Дар синаи ман баҳор мегиряд,
Тан дар ҳаваси канор мегиряд,
Ҳар гаҳ ба дилам хумор мегиряд,
Ман мефаҳмам, дилам намефаҳмад…
Юсуф Муҳаммадзода.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев