Аллоҳ субхонаҳу ва таъоло саранҷом уро ба бемори саратон гирифтор мекунад, ки он нуҳ сол идома меёбад ва бисёр ранҷ мекашад.
Номбурда мегуяд: " Ман бисёр имони заъиф дошта гумон мекардам, ки умри инсон як сон ба хушиву хурсандӣ сипари хоҳад шуд, ҳаргиз ҳусну ҷамолаш дур нагардад ва ба чунин як бемории даҳшатноке гирифтор нашавад. Аммо ҳангоме ба ин бемори мубтало шудам роҳи гурез меҷустам, вале ҳайҳот, ки ҳар ҷо мебудам ин беморӣ бо ман буд. Қасд кардам худкушӣ кунам, аммо шаҳвар ва фарзандонамро дуст медоштам, ва ин кор монеъ аз чунин амал мегардид.
Дар он замон намедонистам, ки агар худкушӣ намоям ба азоби сахти Аллоҳ таъоло гирифтор хоҳам шуд, биноан андешаи оқибати ин амал ҳеч ба сарам намеомад.
Локин иродаи Аллоҳ субхонаҳу ва таъоло дар ин будаст, ки ин беморӣ , сабаби ҳидоятам ва ҳидояти одамони бисёре аз дасти ман гардад " . Номбурда меафзояд : " Баъди ба бемори саратон гирифтор гардиданам ба хотири табобат ба Белгия сафар кардам ва аз муоянаи табибони зиёд гузаштам, ки ҳама ба ин иттифоқ кардан, ки бояд синаи чапам бурида шавад. На танҳо ин балки баъди буридани он давоҳоеро истиъмол кунам, ки муйшои сар абру, мижа, нохун ва дандонҳоро мерезонанду дар руям сабаби баромадани риш мегарданд. Ман ин маслиҳати табибонро қабул накардам ва гуфтам. Аз ончи гуфтед бароям бехтар аст, ки бо он шаклу андоме, ки Аллоҳ таъоло халқам кардааст, бимирам. Баъди ин хоҳиш кардам, ки давоҳои сабук ва безарар бароям бинависанд, ки чунин ҳам карданд. Вақто ба ватанам баргаштам ва аз он давоҳо истифода мекардам, дарду аламро эхсос намекардам.. Гумон кардам, ки табибон хато карданд ва ман бемори саратон набудам. Локин баъди гузаштани шаш моҳ руз ба руз дарду алам зиёд гардид ва рангу руям таъғир ёфт.
Табибони Мағриб ҳидоятам доданд, ки бори дигар ба Белгия биравам, ки ночор ба ончо сафар кардам. Ончо чун маро ташхис карданд ба шавхарам гуфтанд: Акнун ин бемори тамоми вуҷудашро фаро гирифтааст ва мо аз табобаташ оҷизем. Барои шумо хуб мешуд ба ватанатон бар мегаштед, ва занатон онҷо вафот мекард.
Ин хабар шавҳарамро ба даҳшат овард ва ба ҷои ба Мағриб баргаштан ба Фаронса сафар кардем. Дар онҷо низ барои мо ҳеҷ давое пайдо нашуд ва дар андешаи ин будем, ки чигуна роҳе пайдо карда синаи чапамро, ки пур аз хуну зардоб гардида буд бибурем.
Ин ҳамгом ба қалби шавҳарам Аллоҳ таъоло кореро илҳом кард, ки мо тамоми умр аз он ғофил будем ва ҳеч ба ёдамон намеомад. Он зиёрати Каъбатуллоҳ ва рӯ ба рӯ хонаи Аллоҳ таъоло истода, шифо талаб кардан буд.
Аз шахри Париж Куръоне харидему ихром баста, такбир гуён бо таёра ба ҷониби хонаи Аллоҳ таъоло парвоз кардем. Чун ба масҷиди харом даромадем ва ру ба ру хонаи Аллох таъоло истода шудам, амалҳои худро ба ёд оварда бисёр гиристам ва чунин дуъо кардам:
Парвардигор! Табибон аз табобатам оҷиз мондан, ва Ту зоте мебошӣ , ки дардро медиҳӣ ва давои онро худат медонӣ! Ба ҷуз пеши даргоҳи Ту истоданд, дигар ҳама дарҳо ба руям баста шудан, дари раҳмататро ба руям банд масоз!
Баъди ин дар атрофи хонаи Худо бисёр тавофу дуъо мекардам, ки маро ноумед масоз агарчи ҳамаи табибон аз табобатам ноумед гардидаанд!
Дар масҷиди харом назди уламо мерафтам ва аз онон хоҳиш мекардам, ки бароям даво муайян намоянд. Ҳамаи онон мегуфтанд, ки Куръони каримро бардавом бихон, оби замзамро бисёр бинуш, ки ҳатто шикамат аз он пур шавад ва ба зикри Худову дуруди бар Расул машғул бош!
Баъди анҷом додани ончи фармудан худамро сабук ва диламро хуш эхсос кардам. Аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки маро иҷоза бидихад, то дар масҷиди харом бошам ва ба меҳмонхона наравам, ӯ розӣ шуд. Дар онҷо бо занони мисрӣ ва туркӣ шинос шудам. Онҳо ҳангоме дидан, ки ман бисёр гиря мекунам наздам омада аз ҳолам пурон шудан.барояшон гуфтам. Гиряи бисёри ман аз ду ҷихат аст. Аввалан ин ки бори аввал ба хонаи Худо омадам ва ҳаргиз гумон надоштам, ки онро чунин дуст хоҳам дошт. Сониян ман ба бемори саратон гирифторам. Баъди ин он занон низ аз шавхарҳояшон иҷоза
гирифта, ҳамроҳи ман шабҳоро дар масҷиди харом дар тавоф ва ибодат сипарӣ мекарданд ва хоб намекардем. Ба гайр аз нушидани оби зам-зам бисёр таъоми кам мехурдам.
Баъди гузаштани панҷ руз аз миён болои баданамро, ки пур аз дог ва синаам, ки пур аз хуну чирк буд, ба оби зам-зам хостам бишуям. Дугонахоям маро ба ин кор маҷбур мекарданд. Бори аввал ман бисёр бо эҳтиёт дастамро болои синаам мебурдам, бори дуввум ҷасуртар шудам ва чун бори саввум баданамро шустам ҳеч нишони дардеро эҳсос накардам ва ҳеч доғеро дар баданам надидам.
Дугонаҳоямро гуфтам онҳо баданамро ламс кардан ҳеч нишонаҳоеро, ки аз бемории саратон зоҳир шуда буд наёфтанд. Ман ақлу ҳушамро аз шодӣ ва сурур аз даст додам. Баъдан ба меҳмонхона омада ру ба руи шавҳарам куртаи баданамро пора- пора кардам ва ба у гуфтам: Ба ин раҳмати Худо назар намо, ки ҳеч нишонае аз бемори саратон боқӣ намондааст. У бисёр гиря карду гуфт:Табибон қасам хурда буданд, ки умри ту ҳамагӣ се хафта боқӣ мондааст!
Ман гуфтам: Аҷалҳои мардум ба яди қудрати Худованд аст ва ҷуз Ӯ дигар ҳеч касе ғайбро намеданад..
Баъди ин як ҳафтаи дигар дар масҷиди Ҳаром боқи мондем сипас ба Мадинаи мунаввара сафар карда масҷиди набаввиро зиёрат намудем ва ба Фаронса пас гаштем. Вақто табибон дар онҷо маро диданд ба даҳшат омаданд ва қариб буд ақлхои худро аз даст бидиҳанд, онҳо гаштаву баргашта мепурсиданд: Оё ту фалонӣ ? Ман бошам бо фахр мегуфтам: Оре, ва шавҳарам фалонист!
Манам, ки аз беамалӣ тавба кардам ва акнун ғайр аз Аллоҳ таъоло аз касе хавф надорам ва тамоми кор ба яди Уст!
Табибон гуфтанд:
Ҳолати ту бисёр аҷиб аст, бояд аз нав муъояна шавӣ ! Чун ташхис карданд, ҳеч асареро аз бемории саратон дар ман наёфтанд.
Баъди ин ман тарзи ҳаёти худро табдил карда, ба омухтани зиндагиномаи Расулуллоҳ ва ёронаш шуруъ кардам ва ба намозу руза вакти хешро мегузаронаму аз пушаймонии солҳои умри зоеъ кардаам гиря мекунам.
Дуъо мекунам, ки Аллоҳ таъоло тавбаи ман аз шавҳарам ва тамоми мусалмононро қабул намояд.
ИБРАТ.
Мусалмон дар мушкилтарин ҳолатҳо ҳақи онро надорад, ки аз Парвардигораш ноумед шавад.Дигар ин, ки тавбаи содиқона баҳри раҳмати Парвардигоро ба ҷуш оварда, мусибатҳои сахттар ва бузургтар аз бемории саратонро маҳв хохад кард !.....(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3