Предыдущая публикация
Субҳидам шуд, зуд бархез, ай ҷавон,
Рахт барбанду бирас дар корвон.
Корвон рафту ту ғофил хуфтаӣ,
Дар зиёнӣ, дар зиёнӣ, дар зиён.
Умрро зоеъ макун дар маъсият,
То тару тоза бимонӣ ҷовидон.
Нафси шуматро бикуш, к-он деви туст,
То зи ҷайбат сар барорад ҳурён.
Чун бикушти нафси шуматро яқин,
Пой неҳ бар боми ҳафтум осмон.
Чун намозу рӯзаат мақбул шуд,
Паҳлавонӣ, паҳлавонӣ, паҳлавон.
Пок бошу хоки ин даргоҳ бош,
Кибр кам кун дар самои ошиқон.
Гар самои ошиқонро мункирӣ,
Ҳашр гардӣ дар қиёмат бо сагон.
Гар ғуломи Шамси Табрезӣ шудӣ,
Наъра зан: – «К-алҳамд лак я мустаон».
﴾Девони Кабир﴿
🌸 🌱 💮 🌿 🏵 🌺 🍂 🍃 🌷 🌱 🌸
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1