Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.
Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй,
Зани девсимои хуштабъу гӯй.
Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хурад сирка андуда рӯй.
Киро хона ободу ҳамхона дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Ба зиндони қозӣ гирифтору беҳ,
Ки дар хона бинӣ бар абрӯ гиреҳ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кавши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг!
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагар - на ту дар хона биншин чу зан!
Чу дар рӯи бегона хандид зан,
Дигар мард гӯ, лофи мардӣ мазан!
Ду касро бидидам ба як анҷуман,
Ки ошуфта буданд аз дасти зан,
Яке гуфт, касро зани бад мабод,
Дигар гуфт, зан дар ҷаҳон худ мабод.
Дари хуррамӣ бар сарое бубанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Саодат барафтад аз он хонадон,
Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён.
Зан аз чашми бегона мастур беҳ,
Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир
Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
Зани хуби хушхӯй хеш асту ёр,
Ҳазар аз зани зишти носозгор.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Бирав Саъдию таъна бар вай мазан,
Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ,
Агар як шабе дар канораш кашӣ!
В-агар порсо бошаду хушсухан,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ мазан.
Зани хушманиш хоҳ на рӯйхуб,
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Вале аз зани бад, Худоё, паноҳ!
﴾Шайх Саъдӣ﴿
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев