Чанде пеш шавҳарам ба кори нав гузашт ва якчанд корманди зан ҳам зердасташ шуданд. Оҳиста оҳиста баҳонаҷӯиҳояш нисбати ман оғоз шуд.
Мегуфт: Ҳайкалат безеб шудааст, баданат дилчаспи ман нест, ранги пустат ҳам бисёр тира аст ва ҳазору як баҳонаи дигар, ки ҳеҷ вақт ба забон намеовард.
Он қадар занҳои ҳазорранг давру бараш чарх мезаданд, ки ман дар чашмаш наметофтам.
Як шаб, ки ба хона омад, гуфтамаш: Мехоҳам бо зеботарин ва хушҳайкалтарин зани коргоҳат робитаи дӯстона дошта бошӣ ва ҳамроҳаш издивоҷ намоӣ. Оне , ки қаду қоматаш зебо ва пусташ пурҷилло бошад.
Вақте суханамро шунид, тааҷҷуб кард ва чашмонаш аз хушҳолӣ дурахшид, аммо кушиш мекаррд, ки хурсандиашро ошкро накунад.
Гуфт: Воқеан чунин мехоҳӣ?
Гуфтам: Бале.
Ӯ низ қабул кард ва гуфт: Пас худат бароям хостгорӣ кун.
Шавҳарам мисли кӯдакҳо шуда буд ва намедонист чи гуна хушҳолиашро пинҳон кунад.
Яке аз ҳамкоронашро ба ман муаррифӣ кард ва гуфт: Он кас зани лоиқе аст ва ҳама хусусиятҳоеро, ки ман гуфтам, дар ӯ ҳаст.
Гуфтам: Хуб, мушикиле нест. Фақат қабл аз ин, ки иқдом ба амал кунем, як шарте дорам.
Дарҳол гуфт: Чи шарте?
Гуфтам: Мо ду фарзанд дорем, як писар ва як духтар ва худат медонӣ, ки тарбияи онҳо бар души ман аст.
Гуфт: Бале, чунин аст.
Гуфтам: Шартамо дар миён мегузорам, агар қабул кардӣ, меравам хостгории он зани мавриди алоқаат.
Шавҳарам қабул кард.
Гуфтам: Шарт ин аст, ки писаратро тавре тарбият мекунам, ки чашмаш дунболи ҳамаи занҳои рангобаранги хиёбон бошд. Ва духтаратро тавре тарбият мекунам, ки вақте бузург шуд, худашро ҳазор ранг кунаду таваҷҷӯҳи мардонро ба худ ҷалб кунад.
Вақте шавҳарам шарти манро шунид, сураташ сурх шуд ва аз хиҷолат сарашро поин кард.
Гуфтам: Қабул дорӣ? Чизе нагуфт. Сараш ҳануз поин буд.
Вақте, ки сарашро боло кард, гуфт: Шармандаам, маро бубахш. Худам намедонистам, ки чи коре мекунам. Маро ба худ оварӣ. Ман иштибоҳамро дарк кардам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1