юн. kolike [nosos] – бемории рӯда), хуруҷи дарди шадиду ногаҳониест, ки ҳангоми бемориҳои узвҳои ҷавфи шикам ва гурда пайдо мешавад; ташаннуҷи дуру дарози мушакҳои ин узвҳо боиси Х. мегардад. Х. дар рӯда, ҷигар, ғадуди зери меъда ва гурда пайдо мешавад.
Х.-и рӯда бештар рӯй медиҳад. Онро хӯроки бадҳазм, газак, ҳадша ва кафшерак, киҷҷа, ҷараёни бошиддати туршшавӣ ва уфунат дар рӯда, ки ба ҳосил шудани бод ва ёзидани девораи рӯда мусоидат мекунад, ба вуҷуд меоваранд. Х.-и кирмрӯда ва рострӯда навъҳои Х.-и рӯда аст. Ба Х.-и кирмрӯда дарди сахт ва дарозмуддати тарафи рости поёни шикам ва ба Х.-и рострӯда хоҳиши зуд-зуди қазои ҳоҷат хос мебошад. Х.-и рӯда пайваста бо дилбеҳузурӣ, қай ва дамиши шикам ҷараён мегирад. Дар мавриди зер кардани шикам дард кам мешавад.
Ҳангоми Х.-и ҷигар дард дар зери қабурғаи тарафи рост сар зада, асосан ба қисми болои шикам паҳн мегардад; аксар вақт дард ба китфи рост, ба зери шонаи рост мегузарад (ниг. Бемории санги талха). Хуруҷи беморӣ боиси хушку талх шудани даҳон, дилбеҳузурӣ, қай, ҳарорати баланди бадан мегардад; вай аз чанд дақиқа то чанд соат давом мекунад. Дар аснои Х.-и ғадуди зери меъда дард ба тахтапушт мегузарад (ниг. Панкреатит).
Х.-и гурда боиси дарди ниҳоят сахти шикам ва атрофи камар гардида, одатан ба қадкашаку узвҳои таносул мегузарад ва зуд-зуд хоҳиши пешоб кардан пайдо мешавад. Бемор беқарор гашта, вазъи мувофиқ меҷуяд. Чунин хуруҷ бисёр вақт баъди хастагии ҷисмонӣ, бардорузани мошин ба амал меояд (ниг. Бемории санги пешоб).
Х. нишонаи бемориҳои гуногунест, ки табобати онҳо дониши махсуси тиббиро металабад. Дар мавриди хурӯҷи дарди сахт фавран бояд духтурро даъват кард. То омадани ӯ беморро хобонда ором кардан лозим. Худмуолиҷа норавост. Агар дар аснои баъзе бемориҳо Х.-и рӯда баъди гузарондани гармӣ ё ҳуқна қатъ гардад, дар мавриди бемориҳои дигар, ки бо газаки шадиди кирмрӯда ҷараён мегарданд, чунин тадбирҳо ба ҳалокат расонда метавонанд. Ваннаи гарм барои Х.-и гурда муфид буда, дар мавриди Х.-и ғадуди зери меъда номақбул аст. Истеъмоли доруҳои рафъи дард, гузарондани гармӣ ва диг. тадбирҳо пеш аз муоинаи духтур мумкин аст боиси сар задани оризаҳо гардида, ташхиси беморӣ, интихоби табобатро душвор гардонад, ҳатто баъзан оқибати ислоҳнопазир дошта бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев