Предыдущая публикация
Бе ту ҷисмам ҷон надорад очаҷон.
Меҳри ман поён надорад очаҷон .
Чун мане, ки ҳар нафас пазмонатам,
Кас дили пазмон надорад очаҷон.
Ту агар ҳар лаҳзае дури зи ман,
Дарди ман дармон надорад очаҷон.
Гар касе як зарра озорат диҳад ,
Заррае имон надорад очаҷон.
Нури руятро қасам бо номи Ҳақ.
Ахтари тобон надорад очаҷон.
Дар ҷаҳони пурҷафо фарзанди ту ,
Ҷуз ту меҳрубон надорад очаҷон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев