Предыдущая публикация
қаҳр,
Ки: "Ту одам нашавӣ, ҷони
падар.
Ҳайфи он умр, ки ай бесару по,
Дар раҳи тарбиятат кардам
сар."
Дили фарзанд аз ин ҳарф
шикаст,
Бехабар аз падараш кард
сафар.
Ранҷ бисёр кашиду пас аз он,
Зиндагӣ гашт ба комаш чу
шакар.
Оқибат шуҳрату волоӣ ёфт,
Ҳокими шаҳр шуду соҳибзар.
Чанд рӯзе бигузашту пас аз
он,
Амр фармуд ба эҳзори падар.
Падараш омада аз роҳи дароз,
Назди ҳоким шуду бишнохт
писар.
Писар аз ғояти худхоҳиву
кибр,
Назар афканд ба саропои
падар,
Гуфт: "Гуфтӣ, ки ту одам
нашавӣ,
Ту кунун ҳашмату ҷоҳам
бинигар!"
Пир хандиду сараш дод такон,
Гуфт: "Ин нуқта бурун шуд аз
дар,
Ман нагуфтам, ки ту ҳоким
нашавӣ,
Гуфтам "Одам нашавӣ, ҷони
падар!""
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев