Медонист, ки писараш пулро дар чойхои бехуда сарф мекунад. Писарро кахру гаЗ'абаш боло шуду ба хона даромад. Пас аз чанде, ки модар дар ошхона машгули хурокпазӣ буд, писар омада дар назди дари ошхона рост истода варакеро бароварду хонд: 1.Маблаге ки ман дар муддати ин хафта хонаро руфтам 70 сомон. 2.Маблаге ки ба чои шумо рафта аз бозор харочот карда мибиём 20 сомон. 3.Маблаге ки додару хохаронамро нигохубин мекунам 20 сомон. 4.Маблаге ки дар мактаб бо бахои хуб мехонам 70 сомон. 5.Маблаге ки ба чорво нигох мекунам 20 сомон. Чамъ хамаги 200 сомон ин хафта бояд ба ман дихед, зеро ки Расули Худо ( с.а.в ) мегуянд, Музди коргарро пеш аз хушк шудани араки чабинаш бидихед. Модар лабханд зада варакро аз дасти писараш гирифта дар пушти он менависад: Маблаге ки 9 мох дар батнам туро бардоштам ин бебахост. Маблаге ки 20 мох туро аз пистонам шир додам инам бебахост. Маблаге ки дар хурдсолиат туро шустушуй мекардаму либосатро иваз мекардам инам бебахост. Маблаге ки шабхои бедорхоби мекашидам, дар холати бемориат то субх мешиштам ин бебахост. То имруз тамоми сару либосе бароят харидам инхо хам бехисобанд. Эй писарам инхо хама яксу он мухаббате, ки нисбат ба ту дорам нарх надорад. Писар навиштахои модарашро дид, чашмонаш пур аз ашк шуданду,ба суи модар гуфт: "МОДАР МАРО БУБАХШ" сипас варакро гирифту бо хати калон дар зери навиштахои модараш навишт: "КАРЗЕСТ, КИ ХАРГИЗ АДО КАРДА НАМЕТАВОНАМ!!!"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев