Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Рамазони дигаре аз роҳ мерасад. Моҳе, ки ба хотири хусусиятҳои худ бар ҳамаи моҳҳои сол бартарӣ дорад. Моҳи руза аст, ки рамзи бандагӣ ва ихлос аст. Моҳи тақвост, ки роҳи саодат ва хушбахтӣ аст.
Моҳи сабру бурдборӣ дар ибодат ва тарки гуноҳ аст, ки ширинӣ ва лаззати имонро ба бор меоварад.
Моҳи тавба ва истиғфор аст, ки раҳмати бекарони илоҳиро бар бандагонаш кушода дошта, дарҳои бахшиш ва мағфиратро боз месозад.
Моҳи шабзиндадорӣ ва розу ниёз бо Худованд аст. Он замоне, ки бандаи гунаҳкор дар авҷи бандагӣ лаб ба эътироф мекушояд ва тавбаи худро эълом ва эҳсоси шармсорӣ ва талаби бахшиш менамояд.
Моҳи садақот ва хайр дар роҳи Худост, ҳар тавонманде метавонад бо сарфи молаш дар роҳи Худо нафси худашро пок созад ва аз неъматҳои Худованд барояш арзонӣ дошта, тушае барои охираташ намояд.
Моҳи ҷиҳод ва мубориза бо ҳар навъ душман ва бути дарунӣ ва берунӣ аст, ки ихлоси дин ва таслими андом дар боргоҳи ягонаи Худоро навид медиҳад.
Ниҳоятан моҳест, ки бо иди Фитр ва ё ҷашни шодии ибодати гуруснагӣ ва ташнагии рузаш ва шабзиндадории шабаш хотима меёбад ва он ҳузури мусалмонон дар масҷидҳои бузургест, ки даҳҳо, садҳо ва шояд ҳазорон мусалмони дигар шоҳиди ин ниёиши гуруҳӣ ва сипоси дастаҷамъӣ ба боргоҳи Худованд бошанд.
Зимни табрики ҳамагон аз омадани ин моҳи муборак барои ҳар яки мо зарур аст бо як барномарезии дуруст ба истиқболи он биравем, то битавонем Рамазонро беҳтар пос бидорем. Рузҳо ва ҳар лаҳзаҳои гаронбаҳои онро бештар қадр гузорем. Фурсати тиллоии ибодат дар онро ғанимат шуморем.
Се тавсияи муҳим:
1- Ихлос:
Ихлос ё ба ибораи дигар танҳо барои Худо анҷом додани ибодатро бояд хуб ба ёд дошта бошем. Худое накарда ибодатҳоямон ба хотири риё ва худнамоӣ ва касби шуҳрати дунё бар ҳадар наравад, ки Худои Бузург мефармояд: Дастур дода нашудаанд, магар ин, ки Худоро дар тамоми дин бо ихлос ибодат кунанд. Яъне тамоми ибодатҳо фақат барои Худо анҷом дода шаванд.
Худованд боз фармудааст: Агар ширк варзанд албатта он амалҳое, ки анҷом дода буданд ботил мешавад.
Пас нияти худро дар ин ибодати арзишманди исломӣ ҳамонанди ҳамаи ибодатҳо барои Худои Азза ва Ҷалла холис гардонед. Бошад, ки ба ризои Худованд ноил гашта, аз савоби бекарон баҳраманд гардед. Дар ҳадиси қудсии шариф омадааст: Ҳамаи амалҳои фарзанди Одам барои худи уст, магар руза, ки хоси ман аст ва ман подоши онро хоҳам дод.
2- Тавба:
Тавба, яъне эҳсоси пушаймонӣ аз гуноҳ ва даст кашидан аз он ва тасмими бознагаштан ба он аст. Пас бори дигар ин тавбаи ҳақиқии худро дар ин рузҳои муборак таҷдид кунем. Зеро ибодати ҳамроҳ бо гуноҳ лаззати бандагиро надорад. Аз ин сабаб соҳибаш зуд хаста ва малул мешавад ва наметавонад роҳи ибодатро идома диҳад. Он вақт аст, ки эҳсос мекунад, ки ибодаташ хушк ва беруҳ аст. Ҳоло он, ки худи у асбоби истифода аз ибодатро муҳайё накардааст. Асбоби истифода аз ибодат ин ҳамон сафои дил ва пок кардани он аз ҳар гуна меҳру алоқа ба гуноҳ аст.
Бояд ба ёд дошта бошем, ки ҳарчи гунаҳкор бошем боз ҳам дари раҳмати илоҳӣ боз аст. Ҳаргиз набояд ноумед шуд, ки ноумедӣ худ гуноҳи дигаре аст. Балки бояд ба ёд дошта бошем, ки Худованд тавбакунандагонро мепазирад ва онҳоро дуст медорад.
3- Истиқомат ва пойдорӣ дар дин.
Ба ёд дошта бошем, ки моҳи Рамазон ҳамагӣ аз 29 ё 30 руз бештар нест. Агар сипарӣ шуд, дигар фурсати он ҳама ибодат ва аҷру фазилат аз даст рафтааст. Чи хуб аст, ки аз аввалин рузи он худро барои иштирок дар тамоми ибодатҳои он омода кунем ва яқин дошта бошем, ки ҳаргиз аз анҷоми ибодате пушаймон нахоҳем шуд. Балки баракс эҳсос хоҳем кард, ки кош метавонистем бештару беҳтар анҷом диҳем. Худованд мефармояд: Ва касоне, ки дар роҳи мо ба ҷиҳод бархостанд албатта ононро ба роҳамон ҳидояташон хоҳем кард ва ба ростӣ, ки Худованд бо некукорон аст.
Хулоса, бародарону хоҳарони азиз! Биёед ин моҳи муборакро ғанимат шуморем. Рузҳои онро бо рузадорӣ ва шабҳояшро бо қиёму шабзиндадорӣ сипарӣ кунем. Натанҳо шикамро гурусна ва ташна нигаҳ дорем, балки забонро аз гуфтани суханҳои фаҳшу фуҷур, мисли дуруғу ғайбат ва чашмонамонро аз назар кардан ба ончи набояд назар кунем, рузадор нигаҳ дорем. Шабҳояшро на ба тамошои сериалҳову суҳбати дустона зинда нигаҳ дорем, балки бо намозу қироати Қуръон зиндадорӣ кунем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев