Дар мулоқоти раиси Хадамоти гумрукии кишвар бо сафири Теҳрон дар Душанбе таъкид гардид, ки муҳтавои ёддошти тафоҳумҳои имзошуда бояд амалӣ шавад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, имрӯз ҷумъа Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидор кард.
Дар ин мулоқот роҳҳои рушд ва ҳамкориҳои бештар ва осон кардани корҳои идоракунии гумрукӣ баррасӣ ва мубодилаи назар сурат гирифт.
Каримзода ҳамкориҳои ҷории байни гумрукҳои ду кишварро барои афзоиши мубодилаҳои тиҷоратӣ муҳим донист. Вақ мубодилаи иттилоот ва санадҳои молҳоро дар шакли электронӣ барои осон ва равон кардани корҳо муфид арзёбӣ кард. Каримзода ҳамчунин омодагии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои махсус изҳор намуд. https://tajikpress.com/2024/12/27/%d1%82%d0%b0%d1%8a%d0%ba%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d0%b8%d2%b7%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев