Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар бо нашри як гузориш эълом кард, ки режими саҳюнистӣ аз моҳи октябри соли 2023 қасдан фаластиниҳои Ғаззаро аз дастрасӣ ба об маҳрум кардааст. Ин амал ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушии фаластиниҳо шуморида мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Мидл Ист Нюз”, Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар изҳор дошт, ки маҳрум кардани қасдонаи фаластиниҳои Ғазза аз дастрасӣ ба об ва дигар ниёзҳои асосӣ сабаби марги ҳазорон нафар шудааст. Ин амал, ба гуфтаи созмон, бо ҳадафи аз байн бурдани қисмате аз аҳолии ин минтақа анҷом дода шудааст.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки мақомоти режими саҳюнистӣ қасдан шароити зиндагии фаластиниҳоро дар Ғазза ба ҳадде душвор кардаанд, ки ҳадаф аз он аз байн бурдани аҳолии ин минтақа аст.
Ин манбаъ афзуд, амалкардҳои режими Исроил, аз ҷумла маҳрум кардани мардуми ғайринизомии фаластинӣ аз об, манъи воридоти сӯзишворӣ, озуқа ва кумакҳои башарӣ, ва идомаи қатъи барқи Ғазза, сабаби аз кор мондани зерсохтҳои муҳими ин минтақа ва дар натиҷа марги ҳазорон нафар шудааст. https://tajikpress.com/2024/12/21/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-5/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев