Бо идомаи раванди ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон, раиси Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон дар кишвар хостори таваҷҷӯҳ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии мақомоти тоҷик оид ба ҳуқуқи муҳоҷирони афғон шуд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Масъур Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон дар Тоҷикистон, зимни ифодаи нигаронӣ аз вазъи муҳоҷирони афғон дар кишвар, аз мақомот хост, ки ба ҳифзи ҳуқуқи паноҳандагон ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ пойбанд бошанд.
Масъур Баҳодурӣ дар баёнияи охири худ ба оилаҳои афғонистоние, ки аз ин ихроҷҳо зарар дидаанд, таслият дода ва бар ӯҳдадории ин кумита барои ҳимоят аз муҳоҷирон таъкид кардааст.
Баҳодурӣ хотирнишон кардааст, ки раванди ихроҷ, ки зиёда аз як ҳафта идома дорад, боиси нигаронии васеъ дар миёни ҷамъияти паноҳҷӯён шудааст.
Гуфтанӣ аст, ки Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон, ки зиёда аз 27 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ҳамчун восита байни паноҳҷӯёни Афғонистон ва мақомоти маҳаллӣ амал мекунад.
Раиси Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯйкардҳои ҷойгузин нисбат ба ихроҷ пешниҳод кардааст, ки мутобиқи он бояд музокира бо созмонҳои байналмилалӣ ё кишварҳои сеюм барои осон кардани интиқоли паноҳҷӯёни Афғонистон; содакунии раванди ҷобаҷогузорӣ барои дастрасии бештар ба ҷойгиршавии дубора; ба ҷои ихроҷи афрод ба макони ноамн, ҷарима ё ҳабс ҳамчун ҷазои ҷиноятҳо муаррифӣ шавад. https://tajikpress.com/2024/12/20/%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b8%d1%82%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d2%b7%d0%b8%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев