Аз ҳазрати Расули Акрам (саллаллоху алайхи
вассалам) ривоят аст, ки эшон фармудаанд:
"Аз зино парҳез кунед, зеро дар он шаш
хислат аст, ки сетояш дар дунё ва сетоаш дар
охират хоҳад буд. Он се хислате , ки дар
дунёст, иборат аст аз беобрӯӣ, кӯтоҳии умр ва
қашшоқ шудан. Он се хислате, ки марбути
охират аст, иборат аст аз қаҳру ғазаби Худо,
бадии ҳисоб ва азоби дӯзах".
Дар китоби "Кабоир"-Аз Имом Заҳобӣ омада
аст: "Агар шавҳар аз зинокории занаш бохабар
шуда хомӯш бишинад, Худованд дар рӯзи
қиёмат ҷаннатро ба вай ҳаром мегардонад.
Зеро дар дарвозаи ҷаннат навишта шудааст:
"Ҷаннат ба даюс ҳаром аст". Даюс касеро
мегӯянд, ки беҷогардии занашро медонад,
вале чорае намеҷӯяд".
Касе, ки дасташро ба шаҳват ба зани бегонае
бирасонад, ки барояш ҳалол нест, дар рӯзи
қиёмат дасти ӯ дар гарданаш баста мешавад.
Агар зани бегонаеро бибӯсад, лабҳояш дар
оташи дӯзах хоҳад сӯхт. Агар зино кунад, рон
ва маҳали зино фардо гувоҳӣ хоҳанд дод.
Забон гувоҳӣ медиҳад, ки "Ман ба ҳаром
сухан гуфтам". Даст мегӯяд, ки "ман ӯро ба
оғӯш гирифтам". Чашм мегӯяд, "ман ба ҳаром
назар кардам". Пой мегӯяд, "ман ба ҳаром
рафтам". Малоикаи муаккал мегӯяд, ки "ман
шунидам". Дигараш мегӯяд, "ман навиштам".
Худованд хитоб мекунад: "Ман огоҳ будам,
вале пӯшонидам".
Баъд аз он Худованд ба малоик мегӯяд: "Ӯро
бигиред ва азоби маро барояш бичашонед.
Ғазаби ман ба касе сахт аст, ки аз ман ҳаё
намекунад". Тасдиқи гуфтаҳои боло ояти 24,
сураи "Нур" аст: "Рӯзе ки гувоҳӣ медиҳад бар
онҳо забон ва дасту пойҳояшон ба корҳое, ки
мекарданд".
Худованд ҷомеаи моро аз касофати зино эмин
нигоҳ дорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев