Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, рӯзадорон ва меҳмонони моҳи Худо
Худои Мутаол дар ояти 183 сураи Бақара мефармояд:
أعوذ بالله من الشیطان الرجیم
Аз бадии шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд фарз шуда буд, то парҳезкор шавед.
Паёмҳое, ки аз ин ояти шариф меомӯзем:
1. Яке аз вазифаҳои аҳли имон рӯза гирифтан аст. Ба ҷои баҳонагирӣ аз Худо тавфиқи рӯзадорӣ бихоҳем.
2. Рӯза дар умматҳои гузашта ҳам будааст.
3. Ҳадафи рӯза расидан ба тақво аст. Тақво яъне амал кардан ба фармудаҳои Худованд ва дурӣ аз нофармонии Худованд аст.
Андарун аз таом холӣ дор
То дар ӯ нури маърифат бинӣ
Туҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он
Ки пурӣ аз таом то бинӣ
Худоё, моро мӯъмини рӯзадор ва аз тақво бархурдор бигардон!
Илтимоси дуо ва Худо нигаҳдоратон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев