Предыдущая публикация
Ба қатра-қатраи борон қасам, ки дарёем
Ба барг-барги дарахтон, ки дашту саҳроем
Баҳор рӯи ману ту ҳисоб карда, биё
Ки дар талотуми исфанд ҳам шукуфоем
Ғуруб пушти сари мост, пеши рӯ саҳар аст
Ба шаб задем шабехун, ки субҳи фардоем
Дар интизори тулуем, аз чӣ биншинем?
Баланд шав, ки бибинанд дар баландоем
Ба рағми ҳаҷми ғубору ҳуҷуми доими санг
Даруни оинаҳои шикаста пайдоем
Бигӯ ба боду ба тӯфон, ки муъминем ба Нӯҳ
Бигӯ ба Нилу ба Фиръавн: Ёри Мӯсоем
Саре агар ба бадан монда назри ҳазрати дӯст
Қасам ба найза сарафрози маърака, моем
Ҳануз ҳам шуҳадо ҳозиранд дар майдон
Сипоҳи нур меояд, кӣ гуфта танҳоем?
Ба радди пои шаҳидон қасам, ки то хуршед
Ба чашмравшании сарнавишт меоем
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев