پیام قرآن - ای زنان پیامبر، سخن معروف بگویید!
Худои Мутаол дар ояти 32 сураи Аҳзоб мефармояд:
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّیطانِ الرَّجِیمِ
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِنَ النِّسَاءِ إِنِ اتَّقَيْتُنَّ فَلَا تَخْضَعْنَ بِالْقَوْلِ فَيَطْمَعَ الَّذِي فِي قَلْبِهِ مَرَضٌ وَقُلْنَ قَوْلًا مَعْرُوفًا
Эй занони Паёмбар, шумо мисли яке аз занони оддӣ нестед, агар тақво пеша кунед; пас ба нармӣ ва ҳавасангез сухан нагӯед, то (мабодо) касе, ки дар қалбаш беморӣ аст, дар шумо тамаъ кунанд ва сухани маъруф ва шоиста бигӯед!
Паёмҳо
1. Ҳисоби хонаводаи раҳбарони динӣ хос аст ва бояд беш аз дигарон ба гуфтор ва рафтори худ диққат кунанд. Ҷойгоҳ ва имтиёзи иҷтимоӣ маҳдудият ва масъулият меорад. Вобастагони раҳбар ва пешравони ҷомеа бештар ба риояти қонун пойбанд бошанд ва ҳаққи худ ва дигаронро ҷиддӣ риоят кунанд на ин ки бештарин қонуншиканӣ ва поймол кардани ҳуқуқи дигаронро дошта бошанд.
2. Вақте ба занони Паёмбар, ки бештарашон солхурда буда ва зиндагии содае доштанд, ҳушдор дода мешавад, ки бо нозу нармӣ сухан нагӯянд, занони ҷавону зебо бояд ҳисоби кори худро бикунанд.
3. Бо нозу нармӣ ва таҳрикомез сухан гуфтани зан бетақвоӣ аст.
4. Қуръон барои сухан гуфтан низ одобе баён мекунад. Мардону занони муъмин ва мусулмон хеле бояд диққат кунанд, ки имрӯз дар фазои ҳақиқӣ ва маҷозӣ чӣ мегӯянд ва чӣ осоре барҷой мегузорад.
5. Тамаи бемордилон кофӣ аст то занон гуфтор ва рафтори худро назорат кунад ҳарчанд тасмими ҷиддӣ надошта бошанд. Пешгирӣ беҳтар аз дармон аст ва илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд кард.
6. Афроди олуда ва бемордил ҳатто аз хонаводаҳои муҳтарам ҳам дасти тамаъ намебардоранд.
7. Набояд гуфтору рафтори зан таҳриккунанда бошад.
8. Дар ҳукумати набавӣ низ ҳамаи афрод солим нестанд.
9. Набояд заминаи гуноҳу фасод барои як нафар эҷод шавад.
10. Чашмчаронӣ ва ҳавасбозӣ як бемории қалбӣ ва рӯҳӣ аст.
11. Ҳарчанд касе, ки бемордил аст мушкил дорад, аммо ман набояд коре кунам, ки ӯро таҳрик кунад.
12. Тавре сухан бигӯед, ки ҳам муҳтаво хуб бошад ва ҳам шева солим бошад.
13. Тақво фақат намоз хондану рӯза гирифтан нест ва бояд дар гуфтор ва рафтори мо худро нишон диҳад.
14. Риояти тақво дар гуфтору рафтор бо номаҳрам ва ба вуҷуд наовардани заминаи гуноҳу фасод хоста ва ривояти Худост ва бебанду борӣ хоста ва ривояти шайтонҳои ҷиннӣ ва инсӣ аст. Ҷанги ривоятҳоро ҷиддӣ бидонем. Оё мо ба ривояти Худо илму амал ва пойбандӣ дорем?
15. Худ ва дигаронро бо ҳақиқатҳои Қуръон арзёбӣ кунем.
Парвардигори мо, моро муъмини аҳли тақво ва гуфтори устувор гардон ва аз ислоҳу мағфирати худат бархурдор намо ва тавфиқи итоати содиқона аз худат ва Расулат ва баҳрамандӣ аз комёбии бузург ато кун!
С. Муҳаммадамин
2/12/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев