پیام قرآن - ای زنان پیامبر، حق انتخاب با شماست!
Худои Мутаол дар оёти 30-31 сураи Аҳзоб мефармояд:
يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ مَنْ يَأْتِ مِنْكُنَّ بِفَاحِشَةٍ مُبَيِّنَةٍ يُضَاعَفْ لَهَا الْعَذَابُ ضِعْفَيْنِ وَ كَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا
Эй занони Паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишт (ва гуноҳе) ошкор кунад, азобаш дучандон хоҳад буд ва ин (кор) барои Худо осон аст.
وَ مَنْ يَقْنُتْ مِنْكُنَّ لِلَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ تَعْمَلْ صَالِحًا نُؤْتِهَا أَجْرَهَا مَرَّتَيْنِ وَ أَعْتَدْنَا لَهَا رِزْقًا كَرِيمًا
Ва ҳар кас аз шумо, ки дар баробари Худо ва Расулаш фурӯтанӣ кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши ӯро дубор хоҳем дод ва барояш рӯзии каримона ва пурарзише фароҳам кардаем.
Бидонем
1. Оёте, ки бо занони Паёмбари Акрам (Дуруди Худо бар ишон ва хонадонаш бод) сухан мегӯяд, ба воситаи мақоми рисолат аст на бевосита хитоб кардани онҳо, вале Худованд ба худи ҳазрати Марям ваҳй ва хитоб кард. (Сураи Оли Имрон оёти 42-43)
2. Меъёрҳо муҳим ҳастанд ва бояд ба онҳо диққат кунем ва амалкарди афродро бо он арзёбӣ намоем. Мавлоно амирулмуъминин имом Алӣ ибни Абитолиб (Саломи Худо бар ишон бод) фармуд:
إنَّ أَوْلَى النَّاسِ بِالْأَنْبِيَاءِ أَعْلَمُهُمْ بِمَا جَاءُوا بِهِ ثُمَّ تَلَا" إِنَّ أَوْلَى النَّاسِ بِإِبْراهِيمَ لَلَّذِينَ اتَّبَعُوهُ وَ هذَا النَّبِيُّ وَ الَّذِينَ آمَنُوا" (آل عمران آیه 68) ثمَّ قَالَ إِنَّ وَلِيَّ مُحَمَّدٍ (صلی الله علیه وآله) مَنْ أَطَاعَ اللَّهَ وَ إِنْ بَعُدَتْ لُحْمَتُهُ وَ إِنَّ عَدُوَّ مُحَمَّدٍ (صلی الله علیه وآله) مَنْ عَصَى اللَّهَ وَ إِنْ قَرُبَتْ قَرَابَتُهُ
Наздиктарин мардум ба паёмбарон касоне ҳастанд, ки ба ончи овардаанд донотар бошад. Ва сипас ин оятро хонд: Дар ҳақиқат наздиктарин мардум ба Иброҳим касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кунанд ва ин Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд. (Сураи Оли Имрон, ояти 68) Сипас фармуд: Дар ҳақиқат дӯсти Муҳаммад (с) касе аст, ки Худоро итоат кунад, ҳарчанд ба насаб аз ӯ дур бошад; ва ба ростӣ душмани Муҳаммад (с) касе аст, ки нофармонии Худо намояд, ҳарчанд хешованди наздики ӯ бошад. (Наҳҷулбалоға, бахше аз хутбаи 96)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев