Ин зиндагии кӯтоҳи ҳаждаҳсола ё андаке бештари ин бузургвор моҷарои муҳиме дорад. Он ҳазрат таҷассуми олитарин мафоҳими инсонӣ ва исломӣ дар мавриди зан аст, ки ба инҳо бояд тавваҷуҳ кард; дарси Фотимаи Заҳро бештар ин маворид аст. Бархе аз мафоҳими исломӣ мисли модарӣ, ҳамсарӣ, кадбонуӣ ва тарбияти фарзанд мафоҳими ихтисосӣ аст, ки дар ҳамаи инҳо авҷи қуллаи тасаввур ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломуллоҳи алайҳо)аст. Дар арсаи тарбияти фарзанд ва ҳамкорӣ бо шавҳар, дар арсаҳои муштарак ва дар он чизҳое, ки байни зану мард муштарак аст, мисли бандагии Худо - вазоифи бузурге мисли бандагии Худо - вазъияти Фотимаи Заҳро як вазъияти фавқулода эъҷобангез ва муҳим аст. Имоми Ҳасани Муҷтабо (Саломуллоҳи алайҳ) мегӯяд: Шаби ҷумъа то субҳ модарам бедор буд ва ибодат мекард; ҳар вақти садои ӯро шунидам, дидам барои дигарон дуо мекунад. Субҳ гуфтам: Модарҷон, барои дигарон дуо кардӣ, вале барои худат дуо накардӣ. Фармуд: Писарҷонам, аввал ҳамсоя баъд худамон (اَلجارَ ثُمَّ الدَّار). Ин дарс аст. Дар моҷарои нузули сураи "Ҳал ато" омада, ки اِنَّما نُطعِمُکُم لِوَجهِ الله яъне "мо фақат ба хотири ризои Худо шумо сер мекунем" (Сураи Инсон ояти 9)
Ман инро ба унвони як дарс барои уммат ва ҷомеаи исломӣ ва барои Ҷумҳурии Исломӣ талаққӣ мекунам, ки кор бо ихлос анҷом бигирад. Ҳасани Басрӣ, ки аз зоҳидони ҳаштгонаи маъруф аст ва бо Аҳли байти Паёмбар зовия ҳам дорад, мегӯяд, ки «ما کانَ فِی هَذِهِ الأمَّةِ أعبَدُ مِن فاطِمَةَ کانَت تَقُومُ حَتَّی تَوَرَّمَ قَدَماها» Дар миёни ин уммат обидтар аз Фотима нест. Ӯ чунон ба ибодат мепардохт, ки пойҳояш варам мекард. Маънои ин таъбир ин нест, ки шабеҳи ӯ ва ба андозаи ӯ теъдоде буданд; не, дар таъбироти арабӣ маънояш ин аст, ки ҳеҷ кас дар уммат дар ибодат монанди ӯ набуд. Инро Ҳасани Басрӣ мегӯяд, ки даврони Фотимаи Заҳроро дарк накарда, аммо ин ки ин тавр қотеъ ин ҳарфро мезанад, нишон медиҳад, ки ин ҷузви мусалламот ва мутавотироти он замон будааст. Ин ки вазифаи ибодат, баъд вазифаи амр ба маъруф ва муҷоҳидат, яъне ҳузур дар он майдони аҷибе, ки бино буд сарнавишти уммати Ислом дар он майдон таъини бишавад ва он ҳузури тӯфонии аҷиби Фотимаи Заҳро бо он хутбаҳои аҷиб нақшаи ҷомеи ҳувияти зан дар мантиқи Ислом аст, яъне модари хуб, ҳамсари хуб, муҷоҳиди фи сабилиллоҳ, дар айни ҳоли кадбону, мудири хона ва дар айни ҳол обиду бандаи Худои Мутаол будани зан. Ва дар ниҳоят, Фотимаи Заҳро нишон дод, ки зан метавонад ба рутбаи олии исмату покӣ бирасад, ки инҳо бархе аз хусусиёти ин бузургвор аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ
15/11/1399 ҳ.ш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев