Як вақте инсон фикр мекунад, ки шавҳардорӣ ин аст, ки инсон дар ошпазхона ғизоро бипазад, ҳуҷраҳоро тару тамиз ва курпа ва курпачаро паҳн кунад ва мисли қадимиҳо болишт бигузорад, ки шавҳараш аз идора ё аз дукон биёяд! Шавҳардорӣ, ки фақат ин нест. Шумо диққат кунед, ки шавҳардории ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломуллоҳи алайҳо) чӣ гуна буд. Дар тӯли даҳ соле, ки ҳазрати Паёмбари Худо (Саломи Худо бар ишон ва хонадонаш бод) дар Мадина ҳузур дошт, ҳудуди нуҳ солаш ҳазрати Заҳро ва ҳазрати Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб (Саломи Худо бар онон бод) бо ҳамдигар зан ва шавҳар буданд. Дар ин нуҳ сол, ҷангҳои кучаку бузурге зикр кардаанд - ҳудуди шаст ҷанг иттифоқ афтода - ки дар ағлаби онҳо ҳам Амирулмуъминин будааст. Ҳоло, шумо бибинед, ӯ хонуме аст, ки дар хона нишаста ва шавҳараш мураттаб дар ҷабҳа аст ва агар дар ҷабҳа набошад, ҷабҳа ланг мемонад - ин қадар ҷабҳа ба ӯ вобаста аст - аз лиҳози зиндагӣ ҳам вазъи рӯ ба роҳе надоранд; ҳамон чизҳое ки шунидаем:
وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنْكُمْ جَزَاءً وَلَا شُكُورًا
Ва бо вуҷуди алоқа ва ниёзи худ мискину ятим ва асирро таом медиҳанд ва сер мекунанд ва мегӯянд, ки мо фақат ба хотири зоти Худо шуморо сер мекунем ва ҳеҷ подоше ва ҳеҷ ташаккуре аз шумо намехоҳем. (Сураи Инсон оёти 8-9)
Яъне ҳақиқатан зиндагии фақиронаи маҳз доштанд, дар ҳоле ки духтари раҳбар ҳам ҳаст, духтари Паёмбар ҳам ҳаст ва як навъ эҳсоси масъулият ҳам мекунад. Бибинед, инсон чӣ қадар рӯҳияи қавӣ бояд дошта бошад то битавонад ин шавҳарро таҷҳиз кунад; дили ӯро аз васвасаи аҳлу аёл ва гирифториҳои зиндагӣ холӣ кунад; ба ӯ дилгармӣ диҳад; бачаҳоро ба он хубӣ, ки ӯ тарбият карда, тарбият кунад. Ҳоло, шумо бигӯед, ки имом Ҳасан ва имом Ҳусейн (Саломи Худо бар онон бод), имом буданд ва тинати имомат доштанд; Зайнаб (Саломуллоҳи алайҳо), ки имом набуд. Фотимаи Заҳро (Саломуллоҳи алайҳо) ӯро дар ҳамин муддати нуҳ сол тарбият карда буд. Баъд аз Паёмбар, ҳам ки ишон муддати зиёде зинда намонд.
Ин тавр хонадорӣ ва шавҳардорӣ ва ин тавр кадбонуӣ кард ва ин тавр меҳвари зиндагии насаби мондагор дар таърих қарор гирифт. Оё инҳо наметавонад барои як духтари ҷавон, як хонуми хонадор ё дар остонаи хонадорӣ улгу бошад?
Оятуллоҳ Хоманаӣ
7/02/1377 ҳ.ш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев