🔴 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод)
🥀 Сабзиву бо ҷафои бадон гум намешавӣ!
🥀 Нурӣ, ки дар убури замон гум намешавӣ!
Пиндоштанд марги ту поёни номи туст
🥀 Аммо бидон зи боварамон гум намешавӣ!
Мисли убури сонияҳо, мисли зиндагӣ
🥀 Як лаҳза нест бе ту нишон, гум намешавӣ!
Бо он ки захмхӯрдаи шоми шақоватӣ
🥀 Эй субҳ, эй сапеда, зи ҷон гум намешавӣ!
Номи ту вусъатест пур аз обрӯи ишқ
🥀 Бовар кун, эй ҳамеша аён, гум намешавӣ!
Дар қалби он, ки ошиқи номи баланди туст
🥀 Эй обрӯи ҳар ду ҷаҳон, гум намешавӣ!
Сабзиву бо ҷафои бадон гум намешавӣ!
🥀 Нурӣ, ки бо гузашти замон гум намешавӣ!
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев