🥀 Номи ту ҷовидонаву махфӣ мазори ту
🥀 То рӯзи ҳашр Оли Або доғдори ту
Вақте Амин канори Амин мерасад зи арш
🥀 Бо баргузидагони Худо бар мадори ту
Қоматхамидаӣ ба гоҳи ҷавоният
🥀 Рӯҳи Алӣ ҳамеша бувад беқарори ту
Эй сарвари занони биҳиштӣ, чу Осия
🥀 Бо Маряму Хадиҷа биёяд канори ту
Эй меҳру қаҳри ту сабаби нуру нори Ҳақ
🥀 Ғайр аз ризои Ҳақ набувад, ҳеҷ, кори ту
Маҳбубаи Расулу фидоии Муртазо
🥀 Пурдарду ғусса синаи пур аз шарори ту
Ту духтарӣ, на, модари пайғамбари хитом
Ту Кавсариву роҳи Набӣ вомдори ту
Бе ту набуд куфви Алӣ, ёвари валӣ
🥀 Иззат барои ҳақ, Ҳасанайн ёдгори ту
Оинаи тамомнамои Худову ҳақ
🥀 Кай метавон шумурд яке аз ҳазори ту
Дастам бигир, модари аршӣ, фитодаам
🥀 Дорам умед найл ба меҳру ҷавори ту
✍️ Шоир Саломиддин Маъниддин
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев