0️⃣1️⃣
🔴 Ман Яҳё ҳастам, фарзанди паноҳандае, ки ғурбатро ба ватани муваққатӣ ва руъёро ба муборизаи абадӣ табдил кард.
🔻 Дар ҳоле ки ин калимотро менивисам, ҳар лаҳза аз зиндагиямро ба ёд меоварам: аз кӯдакиям дар миёни кӯчаҳо то солҳои тӯлонии зиндон ва ҳар қатраи хуне, ки рӯи хоки ин сарзамин рехта шуд.
🔻 Ман дар соли 1962 дар урдугоҳи Хон Юнуси минтақаи Ғазза ба дунё омадам, замоне ки Фаластини хотираи тиккапора ва нақшаҳои фаромӯшшуда рӯи мизи сиёсатмадорон буд.
🔻 Ман марде ҳастам, ки зиндагиям дар миёни оташу хокистар шакл гирифт ва зуд фаҳмидам, ки зиндагии зери сояи ишғол чизе ҷуз зиндони доим нест.
🔻 Аз кӯдакӣ дарёфтам, ки зиндагӣ дар ин сарзамин оддӣ нест ва ҳар кас ин ҷо ба дунё меояд, бояд дар қалбаш силоҳи шикастнопазир ба дӯш бикашад ва бидонад, ки роҳи озодӣ тулонӣ аст.
🔻 Васияти ман ба шумо аз ҳамин ҷо шуруъ мешавад, аз он кӯдаке, ки аввалин сангро ба самти ишғолгар партоб кард ва омухт, ки сангҳо аввалин калимоте ҳастанд, ки дар муқобили ҷаҳоне, ки дар баробари захми мо сукут мекунад, баён мекунем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев