Сураи Аҳзоб ояти 59
پیام قرآن - چرا باید حجاب کامل باشد؟ سوره احزاب آیه 59
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Салом, ҳамроҳони гиромӣ!
Худои Мутаол дар ояти 59 сураи Аҳзоб мефармояд:
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّیطانِ الرَّجِیمِ
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَنْ يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا
Эй Паёмбар, ба ҳамсарону духтаронат ва занони муъминон бигӯ: «Рӯмолҳои бузурги худро бар хеш бияфкананд, ин амал муносибтар аст то (ба покдоманӣ) шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд (ва агар то кунун хато ва кӯтоҳӣ аз онҳо сар зада тавба кунанд) Худованд ҳамеша омурзандаи меҳрубон аст.
Бидонем
«Ҷалобиб» ҷамъи «ҷилбоб» ба маънои рӯймоле аст, ки сару гарданро бипӯшонад ё порчаи баланде аст, ки тамоми бадан ва сару гарданро мепӯшонад.
Дар оёти гузашта сухан аз азият ва озори мардону занони муъмин ба дасти мунофиқон буд. Ин оят мефармояд: Барои он ки занони муъмин аз сӯи одамони бадкор озор набинанд, ба гунае худро бипӯшонанд, ки заминае барои беҳурматии онон фароҳам нашавад.
Бар асоси ин оят навъе рӯймол мавриди истифодаи занони он замон буд , лекини занон дар пӯшондани худ аз номаҳрам диққат намекардаанд, аз ин рӯ супориши ин оят, наздик кардани он ба худ аст, на асли рӯймол, ки он замон роиҷ будааст.
Ин оят, ки фармони ҳиҷоб медиҳад, бо таҳдид баён нашуда, балки фалсафаи ва фоидаи ҳиҷобро чунин баён мекунад: Занону духтарони муъмин агар бихоҳанд аз ҳаҷв, туҳматҳо, таҳоҷумҳо ва таҳдидҳои афроди олуда ва бадкор дар амон бошанд, бояд худро бипӯшонанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев