Сураи Аҳзоб ояти 58
پیام قرآن - حکم آزار مردان و زنان مؤمن بی گناه چیست؟ سوره احزاب آیه 58
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Салом, ҳамроҳони гиромӣ!
Худои Мутаол дар ояти 58 сураи Аҳзоб мефармояд:
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّیطانِ الرَّجِیمِ
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
وَ الَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَانًا وَ إِثْمًا مُبِينًا
Ва касоне, ки мардону занони боимонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд, озор медиҳанд, пас, дар ҳақиқат бори бӯҳтон ва гуноҳи ошкореро ба дӯш кашидаанд.
و كسانى که مردان و زنان باایمان را به خاطر کاری که انجام ندادهاند آزار میدهند، پس در حقیقت بار بهتان و گناه آشکاری را به دوش کشیدهاند.
Бидонем
1. Дар ояти қаблӣ (57) озору азияти Расули Худо дар канори Худо бе ҳеҷ қайде омад ва ҷазои он ҳам хеле сахт яъне лаънати Худо дар дунё ва охират ва азоби хоркунанда дар охират барои азияткунандагон буд, ки баёнгари исмати комили Расули Худо (с) аст. Дар ин оят (58) озори марду зани муъмин дар корҳое, ки накардаанд бо ҷазои гирифтор шудани озордиҳанда ба буҳтонзанӣ ва гуноҳи ошкор баён шудааст, ки бо қайд ва ҷазои хосси худаш омадааст.
2. Дар китоби Саҳеҳи Муслим ҳадиси 2449 аз Расули Худо (с) нақл шуда, ки фармуд:
إنَّما فاطِمَةُ بَضعَةٌ مِنِّی یُؤذِینِی ما آذاها Ин аст ва ҷуз ин нест, ки Фотима пораи ҳастии ман; ҳар чи ӯро озор диҳад, маро озор медиҳад.
Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ ҳадиси 3714 ва Саҳеҳи Муслим ҳадиси 3767 аз Расули Худо (с) нақл шуда, ки ҳазрат ғазаби Фотимаро сабаби ғазаби худашон медонад:
فاطِمةُ بَضْعَةٌ مِنِّي فَمَن أغضَبَها أغضَبَنِي
Фотима пораи вуҷуди ман аст, пас ҳар кас ӯро ба ғазаб оварад, маро ба ғазаб овардааст.
Оё ин суннати Расули Худо нест? Мусулмонон дар баробар ин ҳушдори Расули Худо чӣ гуна амал карданд? Чӣ қадар аз сарнавишти ҳазрати Фотимаи Заҳро хабар дорем? Оё бароямон муҳим нест? Чаро бояд ҳазрати Алӣ райҳонаи Расули Худоро шабона ба хок супорад ва қабраш махфӣ бошад? Чаро ...??? Накунад ҳамин кор худаш озор додани Расули Худо ва ҳазрати Фотимаи Заҳро бошад, чун агар ҳақи онҳоро нашиносем наметавонем онро адо кунем. Оё вазифаи имонии мо нест, ки бидонем ва бар асоси он амал кунем?
3. Худои Мутаол дар ояти 16 сураи Нисо мефармояд: وَاللَّذَانِ يَأْتِيَانِهَا مِنْكُمْ فَآذُوهُمَا ۖ فَإِنْ تَابَا وَأَصْلَحَا فَأَعْرِضُوا عَنْهُمَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ تَوَّابًا رَحِيمًا яъне ва он ду нафаре аз шумо, ки суроғи фаҳшо ва зино бираванд (зан ё марди зинокор ва бе ҳамсар) ҳар дуро озор диҳед (ва бар онон ҳад ҷорӣ кунед). Пас, агар тавба карда ва худро ислоҳ карданд, аз онон даргузаред (зеро) Худованд тавбапазири меҳрубон аст. Пас, дар мавориде ба хотири гуноҳе, ки кардаанд, бояд марду зани муъмин азият шаванд ва озор бинанд.
4. Дар зарарҳои ҷисмӣ қасос ва муқобила ба мисл ҷоиз аст, дар ояти 45 сураи Моида мехонем: «وَ الْعَيْنَ بِالْعَيْنِ وَ الْأَنْفَ بِالْأَنْفِ وَ الْأُذُنَ بِالْأُذُنِ وَ السِّنَّ بِالسِّنِّ» яъне чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон, вале дар зарбаҳои рӯҳӣ ва обрӯӣ дастури муқобила ба мисл надорем. Қуръон намефармояд, ки агар касе ба шумо тӯҳмат зад, шумо ҳам ба ӯ бӯҳтон бизанед, балки ба гуноҳкор ҳушдор медиҳад ва дар сурате, ки лозим бошад, ба дастури ҳокими шаръ ҳад мехӯрад.
Паёмҳое, ки аз ин оят меомӯзем:
1. Мардону занони муъмин бидонанд, ки афроде аз кофирон ва ҳатто бо унвон ва иддаоӣ имонӣ ва мусулмонӣ онҳоро озор медиҳанд ва ин кори доимияшон аст.
2. Дар масоили ҳуқуқӣ фарқе байни марду зан нест, чӣ дар ҷабр кардан мисли ҳамин озор расондан ва чӣ дар ҷабр дидан мисли ҳамин озор дидан.
3. Баъзе аз озорҳои муъминон ба хотири кори накарда аст, пас ҳавосамон бояд ҷамъ бошад, то ба роҳатӣ қабул накунем ва онро панҳ ва амнияти равонии муъминон ва ҷомеаи имониро барҳам назанем.
4. Озори муъминон ба хотири кори накарда буҳтон ва гуноҳи ошкор аст ва ҳар касе ҳам инро паҳн кунад дар гуноҳи буҳтон ва ошкори озордиҳандагон шарик ва худаш яке аз озордиҳандагон аст, пас имрӯз, ки дарёфт ва фиристодани матну хабар, аксу филм ва карикатура ва монанди он осон ва фаровон шудааст, бояд хеле диққат кунем то гирифтори ин гуноҳон нашавем.
5. Обрӯи иҷтимоӣ ва амнияти равонии мардону занони муъмин бояд ҳифз шавад ва озори бедалели онҳо буҳтон ва гуноҳи ошкор аст.
6. Озордиҳандагони мардону занони муъмин бидонанд, ки бори гуноҳи худро сангин кардаанд.
7. Аз буҳтон задан ба мардону занони муъмин дурӣ кунем. Чӣ қадар хабарҳо ва нисбатҳои бепоя ё ноқис ё бо ғараз, тағйиру илова ва дигаргунӣ дар ҳаққи мардону занони муъмин, имрӯзҳо хеле фаровон ва осон аз тариқи замину осон паҳн мешавад ва мумкин аст мо ҳам онро паҳн кунем? Ба хусус агар инҳо ошкоро аз забони душманони қасамхӯрдаи аҳли имон ва ислом бошад чӣ???!!!
8. Ҳар навъ захми забон дар ҳақи мардону занони муъмин барои кори накарда ё беш аз он чи кардаанд, буҳтон ва гуноҳи ошкор аст ва ҳар навъ ҳамроҳӣ ва ташвиқи ин буҳтонзан ва гунаҳкори ошкор шарики ҷурми ӯ шудан аст. Фиреби унвону иддао ва чарбзабонии ин гуна афродро нахӯред.
9. Ҳар амали мо натиҷаи хоси худашро дорад, пас, бояд бештар диққат кунем.
10. Ба унвони муъмин ва мусулмон бояд вазоифи худро нисбат ба мардону занони муъмин бидонем ва ба он амал кунем ва дигаронро ҳам ба риояти он даъват намоем.
Парвардигоро, моро олим ва омил ба вазифаи имонӣ ва бархурдор аз баракатҳои он дар дунё ва охират гардон!
Худоё, моро аз озори худат ва озори Расулат ва Аҳли байташ ва озори бедалели мардону занони муъмин дур дор ва бо касби ризояти худат ва Расулат ва Аҳли байташ моро дар дунё ва охират аҳли саодат гардон!
С. М/
16/11/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев