Сураи Аҳзоб ояти 57
پیام قرآن - آیا ملعون هارا می شناسیم؟
سوره احزاب آیه 57
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Салом, ҳамроҳони гиромӣ!
Худои Мутаол дар ояти 57 сураи Аҳзоб мефармояд:
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّیطانِ الرَّجِیمِ
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُهِينًا
Ба ростӣ, касоне, ки Худо ва расулашро озор медиҳанд, Худованд дар дунё ва охират ононро лаънат мекунад ва барои онон азоби хоркунандае омода кардааст.
Паёмҳое, ки аз ин оят меомӯзем:
1. Масъала ҷиддӣ аст, пас онро ҷиддӣ бигирем.
2. Касоне, ки корашон озор ва азияти Худо ва Расул бошад, Худованд онҳоро дар дунё ва охират лаънат кардааст ва дар охират азобашон хоркунанда аст.
3. Озори Худо ва Расулаш гуноҳи кабира аст, чун дар дунё ва охират асар ва азоби сахт дорад.
4. Изҳори имону ислом ба забон кофӣ нест, балки амалкарди мо хеле дар сарнавишту саодати мо дар дунё ва охират таъсиргузор аст. Пас бо шиорҳои зебо на худамонро фиреб диҳем ва на фиреби дигаронро бихӯрем.
5. Расули Худо исмати комил дорад, чун Худованд ӯро дар канори худ бе ҳеҷ қайде овард. Бо диққат дар ояти баъд ин мавзуъ бештар ошкор мешавад.
6. Озори Расул озори Худост.
7. Асари шуми озори Худо ва Расулаш дар ҳамин дунё домани озоррасонро мегирад, чун Худованд ӯро аз раҳмати худ дур ва лаънат кардааст. Пас, бехаёл набошед, ки кай қиёмат ва ҳисобу китоб хоҳад шуд?!
8. Чун озордиҳандагон қасди беэҳтиромӣ ва таҳқири Худо ва Расулашро доранд, ҷазояшон ҳам муносиби амалашон аст.
9. Бо вуҷуди Худои Раҳмону Раҳим гирифтори лаънати Худо шудан ниҳояти бехирадӣ, бетавфиқӣ ва бадбахтии инсон аст, пас, ҳеҷ гоҳ ҳаваси ӯро нахӯред, ҳарчанд дар зоҳир соҳиби қудрату сарвату шуҳрату иддаои зиёд бошад!
10. Дунё киштзори охират аст, ҳар чи ин ҷо бикорем ҳамонро дарав хоҳем кард.
Дар китоби Саҳеҳи Муслим ҳадиси 2449 аз Расули Худо (с) нақл шуда, ки фармуд:
إنَّما فاطِمَةُ بَضعَةٌ مِنِّی یُؤذِینِی ما آذاها Ин аст ва ҷуз ин нест, ки Фотима пораи ҳастии ман; ҳар чи ӯро озор диҳад, маро озор медиҳад.
Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ ҳадиси 3714 ва Саҳеҳи Муслим ҳадиси 3767 аз Расули Худо (с) нақл шуда, ки ҳазрат ғазаби Фотимаро сабаби ғазаби худашон медонад:
فاطِمةُ بَضْعَةٌ مِنِّي فَمَن أغضَبَها أغضَبَنِي
Фотима пораи вуҷуди ман аст, пас ҳар кас ӯро ба ғазаб оварад, маро ба ғазаб овардааст.
Оё мусулмонон ба ин ҳушдори Расули Худо ва гуноҳи бузург дар ҳақи Аҳли байташ ба хусус ҳазрати Фотимаи Заҳро амал карданд ё ӯро озор доданд? Чӣ қадар аз сарнавишти ҳазрати Фотимаи Заҳро хабар дорем? Оё бароямон муҳим нест? Чаро бояд ҳазрати Алӣ райҳонаи Расули Худоро шабона ба хок супорад ва қабраш махфӣ бошад? Чаро ...??? Накунад ҳамин кор худаш озор додани Расули Худо ва ҳазрати Фотимаи Заҳро бошад, чун агар ҳақи онҳоро нашиносем наметавонем онро адо кунем.
Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Парвардигоро, моро олим ва омил ба вазифаи имонӣ ва бархурдор аз баракатҳои он дар дунё ва охират гардон!
Худоё, моро аз озори худат ва озори Расулат ва Аҳли байташ дур дор ва бо касби ризояти худат ва Расулат ва Аҳли байташ моро дар дунё ва охират аҳли саодат гардон!
С. М/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев