💐💐
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, қуръономӯзони азиз!
Ба хости Худо дар ин барнома бо мафоҳими сураи Фил ошно хоҳем шуд.
🌺🌺
Матн ва тарҷумаи сураи Фил
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
🌿 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
🔴 Худоё, чӣ паёме ба паёмбарат дорӣ?
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ (1)
🌿 Оё надидӣ (эй Паёмбар), ки Парвардигори ту бо филсаворон чӣ кор кард?
🔴 Чӣ кор кард?
أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ (2)
🌿 Оё ӯ нақшаи бад ва шуми онҳоро аз байн набурд (ва онҳоро шикаст надод)?
🔴 Чӣ тавр?
وَ أَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ (3)
🌿 Ва ӯ парандагони кучакро даста-даста болои сари онҳо фиристод
🔴 Парандагон чӣ кор карданд?
تَرْمِيهِمْ بِحِجَارَةٍ مِنْ سِجِّيلٍ (4)
🌿 Парандагон сангрезаи гилолудро бар сари онҳо партоб мекарданд
🔴 Оқибат чӣ шуд?
فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَأْكُولٍ (5)
🌿 Пас ӯ филсаворонро мисли коҳи хурдшуда гардонд (ва онҳоро беасар ва нобуд кард)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1