Дар ғами Оли Расул бо Карбало бигристем
Кӯҳу ҳомун дар намозу дар дуо бигристем
Дар ҳамин ғам бо ҳама арзи Худо бигристем
Бо малоик аз замин то бар само бигристем
Аҳли олам аз Сурайё то саро бигриста
Дар замини Карбало хуни шаҳидон шуд алам
Доғи доғон аз азоби тифлакони пуралам
Оби саҳро дар ғами он тифлакон дорад алам
Офтобу моҳу аршу курсиву лавҳу қалам
Дар ғами шоҳи шаҳидони бало бигриста
Душман омад саф ба саф андар лаби оби Фурот
Ташналаб ёрони ҳақ андар лаби оби Фурот
Гиря дорад оби дарё бо шаби оби Фурот
Ӯст устоди бузурги мактаби оби Фурот
Моҳиён дар обу мурғон дар ҳаво бигриста
Модарон андар фироқи тифлакони зор-зор
Духтарони бепадар бо модарони зор-зор
Ҳам бародар бо бародар ташнаҷони зор-зор
Ҷамъи ёрон аз барои шоҳи мардон зор-зор
Анбиёву авлиё бо Мустафо бигриста
Ин қадар ҷабру ҷафо сахт аст бар Оли Расул
Бар замин дар хуни худ афтодатар Оли Расул
Карбало дар Карбало хуни ҷигар Оли Расул
Чун тани нозат ҷудо бошад зи сар Оли Расул
Ишқ бо оби Фурот аз ибтидо бигриста
Ҷон ба каф дар Карбало бин тифлаконро сар ба сар
Лола-лола ғарқ дар хун хору зору дар ба дар
Нест дигар мисли фарзанди ту, эй хайрулбашар
Гиря кун бар ин ҳама зулм ба ихлоси назар
К-аз барои хотираш хайруннисо бигриста
Домулло Искандари Раштӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев