Предыдущая публикация
Баъди ту хортарин одами сайёра шудам.
Чун ба марги ту набуд бовари ман, пеши аҷал
Чораи кор надонистаму бечора шудам.
Гарчи дар дидаи мардум нанамояд, ба Худо,
Баъди ту сахт парешон шудам, овора шудам.
Баъди ту ҷамъ наёмад дили садпораи ман,
Бо дили пораи худ пора шудам, пора шудам.
Меҳрубонии ту мебурд хушунат зи дилам,
Бе дили нарми ту дилтангу ситамгора шудам.
Бетамаъ нестам аз баъди ту даркори касе,
Модари беғаразам, баъди ту бекора шудам.
Боварам кас накунад, лек ба номи ту қасам,
Баъди ту сард шудам, санг шудам, хора шудам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Баъди Худову К,уръон, бошад макоми Модар!
Гар шохаму вазирам, султону ё амирам,
Дунё ба даст гирам, хастам гуломи Модар!
Модар маро бизодаст, огуши мехр кушодаст,
Шири сафед додаст, хуш аст номи Модар!
Сарфи хаёти ман шуд, сарфи нишоти ман шуд,
Сарфи начоти ман шуд, хар субху шоми Модар!
Садхо аруси дилбанд, садхо накуй-фарзанд,
Хамкадр хеч набванд, бар як паёми Модар!
Мачнун, агар бихохи,бахшоиши Илохи,
Шав хоки руи рохе, зери акдоми Модар