Предыдущая публикация
Шудам ошиқи рухсорат,
Чаро инро намефаҳмӣ.
Намеойи канори ман,
Басо ҷоно, ту бераҳмӣ.
Магир худро ту дур аз ман,
То ҳастӣ бо ту мемонам.
Ба ҷуз роҳи ту поямро,
Ба роҳи кас намемонам.
Дар ин дунёи пурсавдо,
Харидори ту мемонам.
Мисоли абри осмонӣ,
Ба рӯи сабза гирёнам.
Надонам бо,ки дил бастӣ,
Ҳазорон шубҳа дар дил аст.
Чу моҳи дар кадом шастӣ,
Паятро мунтазир гил аст.
Намехоҳам дар ин олам,
Гирифтори ғаме боши.
Ба ту хушбахти меорам,
Ба паҳлуям даме боши.
Дар ин фасли ҷавониям,
Накун дилсарду хомӯшам.
Бишав чун ёри ҷониям,
Бигир худро дар оғушам.
Навиштам шеър васфи ту,
Агарчи нестам шоир,
Ту гар достони Мавлоӣ,
Ҳазорон мисратам охир.
16.05.2019 (ДОВАРШО Д.)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев