Предыдущая публикация
Тоқату сабрам намонд, ҷабру ҷафоят то ба кай,
Умри худро сарфи дарди бедавоят то ба кай.
Моҳтоби нурфишон бингар ба шоми тори мо,
Аз сари шаб то саҳар моро азобат то ба кай.
Назаре сӯям намо бин ҳоли зори мустаманд,
Ҷони ман омад ба лаб, ҷонам сазоят то ба кай.
Оҳу фарёдат мисоли андалеб эй Доваро,
Нола бо ёди нигори бевафоят то ба кай.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев