/Ё туй чаноза гашт/кисми якум ишк ба як нигох/
Зеботарин давраи одами ин давраи чавони ва давраи тахсили мактаби миёна аст!!!Чи рузхои хушро одам аз сар мегузаронад ва меомузад зиндагиро мехру мухаббатро дустию рафокатро эхсоси ишкро, мардонагиву шучоатро, якдиливу сулхро ватандустиву сарчамъиро.!!!
Рузхои наврузи буду гулхои дарахтон хело зебо шукуфта буданду Суман бо хавас дар даст як даста гули тару тозаро барои табрикот муаллимаашро аз ошёнаи якум ба ошёнаи дуюм мебаромаду хамоно гаштаву баргашта гулдастаро буй мекард.Хамин.ки дар гаштгохи зинахо омада буд ду чавоне паси хам шухикунон яке аз кафои дигаре давида мефаромаданд.Авалаш фаромада рафту дуюмаш ногахон дасташ ба гулдастаи Суман расиду гулдастааш афтод!Суман гумон кард.ки писаракхои синфи поёни бошанд якбора гуфт::Хойй ин чи гуна рафтори безеб ва ба суйи чавон нигох кард.ки чавон низ суйи у нигох карда узр мепурсиду гулдастаро эхтиёткорона аз замин гирифта боз дароз кард ва онхо чашм ба чашми якдигар нигаристанд.Суман дид.ки он чавонписар аз худаш калон аст дархол ташаккур ака гуфту худ бо зинахо боло мерафту аз чашм ба чашм шуданашон суп сурх шуда буд.Чавон Бехруз ном дошт ва ин духтараки зебое ки дар тан куртаи атлас ва дар сар токии зардуз дошт акнун аввалин бор дида ошики хусну чамолаш ва забони ширинаш шуд ва то рафтани Суман худаш аз зинахо поён мерафту лекин чашмонаш гаштаву баргашта ба боло ба суи Суман нигох мекарданд!Бехруз Суманро дида алангае аз чашмону аз дилаш баромаду мухаббатеро аз чашмони Суман эхсос кард!
Суман бошад ба хонаи муаллимон мерафту вокеъаи чашм ба чашм шуданаш бо Бехруз аз назараш дур намешуд.чи гуна чавони хушкаду комат бо эхтиёт гулдастаро гирифта бо узр дароз карданаш пеши назараш меистод! Ин вокеъаи ачоибе буд ва Ин аввалин ишки онхо буд.ки бо як нигох ба хам ошик шуда буданд!Он вактхо Суман дар синфи 8 мехонду Бехруз дар синфи 10.
Бехруз акнун аз байни духтарони синфи 8 Суманро мечусту бо ишорае ишки худро мегуфт ва Суман низ ин ишкро эхсос мекарду сарашро хам карда шармгин мешуд.Бехруз аз вохурданаш бо Суман хурсанд буд ва дар дил ишки Суманро мепарварид.
Суман бошад акнун ошики Бехруз буд ва аз Худо ишки уро металабид. ва аз диданаш дар мактаб дар байни писарони синфи 10 шод мешуд.
Онхо харду хам дар мактаб аз талабагони аълохон буда дар махфилхои мактаби аз тарафи синфашон бо рохбарии муаллимон баромад мекарданд.ва дар олимпиадахои байнимактаби низ иштирок мекарданд онхо якдигарро танхо дар хамин вактхо бо якдигар вомехурданд ва баъзан бо хам салом алек мекарданд дигар сухане намегуфтанд.Хамин тавр харду ошики якдигар буданд.Бехруз синфи 11 шуд ва Суман бошад дар синфи 9 буд Суман бисёр вакт фикри Бехрузро дошт ки у синфи 11-ро тамом карда меравад ва Суман уро дигар намебинад.Бехруз низ дар хамин фикру хаёл буда чанд маротиба хост раками телефонашро бидихад то дар тамос бошанд аммо Суман метарсид ва шарм медошт.ки чи гуна бо Бехруз бо тел гап мезанад!
Инак занги охир барои Бехруз буду Суман бошад дарун дарун месухт.ки Бехруз боз ба ягон донишгох меравад ва Суманро фаромуш карда бо ягон духтараки дигаре ошик мешавад! Чунин хам шуд.ки Бехруз(давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев