پیام قرآن - انسان کامل کیست؟
Худои Мутаол дар ояти 35 сураи Аҳзоб мефармояд:
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّیطانِ الرَّجِیمِ
Аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
إِنَّ الْمُسْلِمِينَ وَالْمُسْلِمَاتِ وَالْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْقَانِتِينَ وَالْقَانِتَاتِ وَالصَّادِقِينَ وَالصَّادِقَاتِ وَالصَّابِرِينَ وَالصَّابِرَاتِ وَالْخَاشِعِينَ وَالْخَاشِعَاتِ وَالْمُتَصَدِّقِينَ وَالْمُتَصَدِّقَاتِ وَالصَّائِمِينَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاكِرِينَ اللَّهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتِ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا
Дар ҳақиқат, мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони боимон ва занони боимон ва мардони мутеи Худо ва занони мутеи Худо ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони сабур ва занони сабур ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардоне, ки Худоро бисёр ёд мекунанд ва заноне, ки бисёр ба ёди Худо ҳастанд, Худованд барои онон омурзиш ва подоши гаронқадр ва бузург омода кардааст.
Нуктаҳо
Ба дунболи дастурҳое, ки барои ҳамсарони Паёмбари Акрам (Дуруди Худо бар ишон ва хонадонаш бод) гуфта шуд, ин оят даҳ камол барои умуми занону мардон дар масоили эътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ баршумурдааст.
Замоне арзиши ин оят равшан мешавад, ки ба табъизоте, ки арабу аҷам миёни зану мард қоил буданд, бингарем ва таърихи дилхароши занро мутолиа кунем.
Тафовут миёни зану мард дар ҷисм аст. Рӯҳ зану мард надорад ва ҳамаи камолоти башарӣ марбут ба рӯҳи ӯст на ҷисми ӯ, аз ин рӯ ҳамаи камолоте, ки дар ин оят омада, ба сурати яксон миёни марду зан баён шудааст.
Паёмҳо
1. Инсон саъй кунад то ҳамаи камолотро дошта бошад то инсони комил бошад.
2. Нишонаи ҷомеияти Ислом он аст, ки камолро дар ҳамаи абъоди эътиқодӣ, ахлоқӣ, амалӣ, фардӣ ва иҷтимоии инсон баён мекунад.
3. Хубон ва аҳли камолро бузург бидоред то дигарон ба анҷоми хубиҳо ташвиқ шаванд.
4. Рушди инсон марҳала ба марҳила аст; ибтидо ислом бо забон, сипас имон бо дил, сипас итоат, садоқат, сабр ва . . .
5. Инсони комил илова бар иқрор ба забон (ислом) ва бовари қалбӣ (имон), бояд шикам (бо рӯза) ва забон (бо садоқат) ва шаҳвати худро (бо муҳофизат аз доман) солим нигаҳ дорад ва худро бо фурутанӣ аз ғурур, бо садақа аз бетафовутӣ бо ниёзмандон, бо сабр аз таслим ва ноумедӣ ва бо зикри Худо аз ғафлат муҳофизат кунад.
6. Ислом ҳам ба андоза -зикри фаровон - ва ҳам ба сифат - итоат бо фурутанӣ - тавваҷуҳ дорад.
7. Зан ҳаққи моликият ва бахшиши молӣ дорад.
8. Ҳамаи тавфиқоти худро аз Худо бидонем. Зикри Худо дар поёни камолот омадааст.
9. Зану мард дар рушди камолоти маънавӣ ва инсонӣ ва дарёфти подош яксонанд.
10. Амали нек калиди бахшиши илоҳӣ аст.
11. Аввал бахшиши илоҳӣ ва сипас дарёфти подоши илоҳӣ аст.
12. Ҳақиқатҳо ва камолоти ҳақиқии марду занро аз Қуръони Карим ёд бигирем ва худ ва дигаронро бо он арзёбӣ кунем.
13. Охирбин бошем на охурбин!
Парвардигори мо, моро муъмини аҳли тақво ва гуфтори устувор гардон ва аз ислоҳу мағфирати худат бархурдор намо ва тавфиқи итоати содиқона аз худат ва Расулат ва баҳрамандӣ аз комёбии бузург ато кун!
С. Муҳаммадамин
4/12/2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев