Предыдущая публикация
Масти ду оламам ман андар хумори Ғазза.
Ҳар ҷо ки меравам ман дар ҷодаҳои қисмат,
Бар дӯши орзуям пайваста бори Ғазза.
Ангуштари хаёлам ҳар субҳ гашта хуршед,
Равшангари намояд аз обшори Ғазза.
Бо сурати баҳораш нури биҳишт омад,
Ҳар гул фариштарӯ шуд андар баҳори Ғазза.
Сармад ба сад ниёиш хоҳад, ки дасти яздон,
Ганҷи замину гардун созад нисори Ғазза.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев