Пайдархами узувхои системаи нафаскаши
Ковокии бинӣ
Ҳалқ
Ханҷара
Хирной (нои нафас)
Бронхҳои асосӣ
Бронхҳои ҳиссавӣ (аз рост-3 то,аз чап 2 то)
Бронхҳои сегментӣ
Бронхиолаҳо
Атсинус (бронхиолаҳои нафас,роҳҳи алвеолярӣ ва халтачаҳои алвеолярӣ)
Ковокии бинӣ, дар мобайни қисми руйии косахонаи сар ҷойгир буда бо панҷ девор иҳота шудааст (девораи боло,поёон, латерали,медиали,ва ақиб).Девори поёни ковоки бинӣ аз ҳисоби коми сахт ташкил шудааст.
Ковоки бинӣ,бо пардаи луоби пушонида шудааст ва дорои 3 гузаргоҳ мебошад.
Гузаргоҳи боло,минтақаи шома буда,гузаргоҳи мобайни ва поёнӣ минтақаи нафаскашӣ ном гирифтаанд.
Дар гузаргоҳи боло, ретсепторҳои шома ҷойгир шудаанд. Дар минтақаи нафас бошад ретсепторҳои нафаскашӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳаво дар ковокии бинӣ тоза мешавад ва гарму намнок шуда тавассути хоаннаҳо ба ҳалқ мегузарад.
Ҷайбҳои назди бинигӣ чортоанд:
Ҷайби ҷоғи боло ( ҷайби гайморов)
Ҷайби пешона
Ҷайби туршакл
Ҷайби фонашакл
Ин ҷайбҳо косахонаи сарро сабук нигоҳ дошта сатҳи ковокии биниро зиёд мекунад ва ҳангоми садобарои резонанс ҳосил мекунад.
Ханҷара (гулу), larynx, узви тоқи нафаскашӣ буда, дар минтақаи гардан ҷой гирифтааст. Асоси сохти ханҷараро тағоякҳо ташкил медиҳанд. Тағоякҳои ханҷараро ба ду гуруҳи тоқ (тағояки сипаршакл, тағояки болои ханҷара ва ангуштариншакл) ва ҷуфти ( кафлезшакл, фонашакл ва шохмонанд) ҷудо мекунанд.
Дар дохили ханҷара меъдачаи ханҷара мавҷуд мебошад, ки ба номи муалифи меъдача Моргенев ном гирифтааст. Вазифаи асосии ханҷара ҳосил кардани садо (овоз) ва инчунин, гузаронидан, таза ва гарму намнок намудани ҳаво мебошад.
Хирной (нойи нафас), trachea- узви тоқи найчашакл буда, дарозиаш 10-12 сммебошад ва аз ду қисм иборатаст:
Қисми гарданӣ.
Қисми қафаси синавӣ
Асоси сохти хирнойро аз 16 то 20ро нимҳалқаҳои тағояки ташкил медиҳад, ки аз дарун бо пардаи луобӣ ва аз берун бо бофтаи пайвасткунанда ( адвентитсио) пушонида шудааст.
Хирной, дар баробари муҳраҳои 4-5 қафаси ба ду бронхи асосӣ тақсим мешавад, ки ҷои тақсим шавии ӯро бифуркатсияи хирной меноманд.
Бронхҳои асосӣ, ба дарвозаҳои шуш ворид мешавад ва аз тарафи рост- ба се, аз тарафи чап бошад ба ду бронхои хиссавь таксим мешавад. Зеро, ки шуши рост дорои се ҳисса ва шуши чап ду ҳисса мебошад.
Шушҳо pulmones,- узви ҷуфт буда дар ковокии қафаси сина ҷой гирифтаанд.
Ҳар як шуш дорои асос, қулла, се канор( пеш, ақиб ва поён), ва се сатҳ ( қабурғавӣ, диафрагмавӣ ва миёнадеворӣ) мебошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2