Ёрон, меҳрубонон, ҳамгинон, ҳамдилон ва ҳамзабонон. Дуруд ва офаринатон бод!Имрӯз мехоҳам парда аз рӯи розе бардорам, розе меҳромез, розе лабрез аз ишғ, оканда аз суҳиш (ҳис), некӣ ва оромиш. Имрӯз мехоҳам бо забони суруд, бо забони чакома (қасида), ки бо шукӯҳтарин гуна аз суруди порсист, ошкоро бо зебобутам ё зебосанамам, бо дилоромам гуфтугӯ кунам.То кай тавон дар худ тапидан? То кай метавон ишғе ниҳон дар дил кашидан?То кай метавон аз гуфтани меҳре гарон аз худ раҳидан?Ман имрӯз аз поктарин дилбар, видотарин ёвар, додортарин додвар ва гиромитарин сарвар, аз некутарин дилҷӯ, парҳехтатрин дилпӯ, аз Тоҷи Каён, аз Тоҷикистон месароям ва менависам.Ман Меҳриёри Меҳрофарин – сухансарои тоҷикманиш, тоҷикандеш ва тоҷиккуниш ҳастам, ҳамоно иронии пурраи пурра.Ҳаргиз Тоҷикистонро надидаам, аммо Тоҷикистонро бо ҳамаи кӯҳҳову дарёҳо ва деҳу шаҳрҳо ва фарозу нишеб ва гулу хору мардуми некманиш ва додгар ва кодикаш дар густураи гашам (дилам) дар каронаи қалбам ҷой додаам, то аз Тоҷикистон даме фарнос ва ё ғофил намонам, ман солҳост, ки лабрез аз он сарзамини варҷованд ҳастам, бе он ки он ҷоро дида бошам, ман дар даруни Амрико зиндагӣ мекунам ва Тоҷикистон дар даруни ман!Ман Тоҷикистонро на танҳо нахустин гоҳвораи фарҳангу ҳунар ва адаби Ориёно ва Ирони бузург медонам, в-онки (балкӣ) Тоҷикистонро вопасин монок ё мерос ва намоди сарфарозӣ ва сарбаландии арзишҳои ваҳуман ва мардумӣ ва мардумбудӣ ва меҳрварзӣ дар густураи ҳастӣ медонам, Ориёноро хуб мешиносам…Ман дудмони Сомонхудойро нағз мешиносам, ман сипаҳсолори Хуросонро мешиносам, хуб медонам, кодикҳо дар куҳангоҳи пешинаи ба толот ва ба яғморафта, ҳотто пеш аз Ҳахоманишиниён додгартарин, ёвартарин ва мардуммадортарин, тираи озода ва ориёии иронӣ буданд, ки аз ҳангомаи шоҳаншоҳони Каёнӣ бо дайҳиму Тоҷи Каёниён баробар мешуданд ва ононро аз замони шоҳони Каёнӣ чунин хондаанд: Тоҷикон, Тоҷикиён ва Тоҷи Каён (тоҷи сари подшоҳони Каёнӣ)…Ман бе биму воҳима ба ромишу нозиш, бо дидгони меҳрбин ба равонию осонӣ метавонам дурнамои симои хаёлангези Митрои нахуст – Ашу Зардуҳишт ва киёзандони гетисоз – Курушу Дорюш ва Меҳрдоду Тирдод ва Нушервону Хусрави Парвиз, ҳамчунин ниёгони устураии хеш Гаюмарсу Сиёмак, Манучеҳру Сом, Наримону Зол, Рустаму Суҳроб, Сиёвашу Кайхусрав, Геву Гударз ва Фаромарзро дар чеҳраҳояшон бубинам, ман дар симои доягону модарон ва духтарони тоҷик дар Шумону Шӯроб, Кӯлобу Кобулистон, Панҷшеру Самангон, Балху Душанбе, Самарқанду Бухоро ва… Симои меҳрангези эзидбонувони покию меҳр, обу равшанӣ, ишғу истодагӣ ва парвардагору доягӣ ва меҳрофаринию меҳрбинӣ, симурғиву синойӣ, ҳамчун Машиёнаву Митро, Анаҳитову Фаронак, Синдухту Рӯдоба, Таҳминаю Фарангис, Гурдофариду Гурдия, Мондонову Касондон, Атусову Ютоб, Нигону Озарбарзин ва… мебинам.Ман хуб медонам, хонадони беҳдини Сомонхудой хишти Ирони навин, Ирони ануша, Ирони мамиро, Ирони ҷовидро Тоҷи Каёна ниҳоданд ва Шоҳнома – ованду фарнуд ва далели ин сухани ман аст, ки зойидаи андешаи он Каёниён буд ва агар он андешаварзони Иронхудой набуданд, имрӯз ман набудам, имрӯз килки Меҳрофарин дар ангуштони ман набуд ва имрӯз ман ба забони дигаре ва ба савдои дигаре бехуд шуда бадам.Ман Тоҷикистонро гиромиш медорам ва фарзона мехонам, зеро фарзонагон ва гиромиёни беному нишонро ба меҳрхонӣ фарохонд ва аз он бузургон раҳу шеваи анушагӣ ва мондагорию ориёноӣ газанддидаро фароҳам оварданд ва сиёҳии нусхаи дарди бедармон, бе чистӣ, бе кистӣ ва бе ҳуввиятиро барои мо печонданд ва он бузургон барои ҳамеша пирону пешвоёни ман ҳастанд, фарзонагон ва деҳгонон ва бузургзодагоне ҳамчун: «Мохпири Хуросон, Яздондод – писари Шоҳпур, Моҳуйи Хуршед ва Шодон – писари Барзин». Оре, ин бузургон буданд, ки хишт-хишти нахустини «Шоҳнома» (Шоҳномаи Абумансурӣ)-ро ниҳоданд ва баҳраи кори он сипаҳсолори кодику тоҷик буд, ки «Шоҳнома»-аш ба «Шоҳнома»-и Абумуайид ва Дақиқӣ ва сипас ба шиносномаи Ирону иронӣ ва ориёиён, ҳамоно «Шоҳнома»-и Пири Тус, киёзанди сухан Фирдавсӣ анҷомид. Ман хешкорам (масъулам), ки дар ҷойгоҳи як суханвари тоҷикаёнӣ бо чашмоне, ки дуртарин ва нопайдотарин густураи фаромушшудаи торихро мебинад, аз сӯи дилшудагон, худойгони сухан Фирдавсии Тусӣ аз сушиёнтҳо (посдорон)-и Ирон, аз Тоҷи Каён, ҳамоно аз Сомониёни иронхудой сипосгузорӣ кунам.Ҳамчунин медонам, ки кори Сомониён бе пуштвонии худовандгорони сухан ва андешае ҳамчун ин бузургон фарҷом намеёфт, худовандгороне монанди: Абуҳафзи Суғдӣ, Масъуди Марвазӣ, Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абу Тайиби масъабӣ, Фароловӣ, Абушаъби Ҳиравӣ, Абул Аббоси Рабанҷӣ, Шокири Балхӣ, Абу Муайиди Балхӣ (сароянда ва нигорандаи «Шоҳнома»-и Абумайид), Бу Шакури Балхӣ, Маъруфи Балхӣ, Валвоҷӣ, Лугарӣ, Бадеъи Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Кисойии Марвазӣ, Башори Марвазӣ, устоди сухан Дақиқӣ ва дар поён баҳраи андешаи неки Сомониёни гаронгавҳар ба киёзанди сухан – Пири Тус Фирдавсӣ анҷомид.Пас бо ин пешдаромад ва дебоча, ки ованде (санад) бар доягиву синойи Тоҷикистон дар ҷойгоҳи гаҳвораи манишу куниш ва фарҳангу ҳунар ва адаби порсӣ аст, шуморо бо меҳру адаб бар хони ин чакомаи порсӣ, ки танҳо ду вожаи нопорсӣ, ки огоҳона ба кор бастам (қибла ва каъба – ниёиши сӯ) дар он аст, меҳрхон мешавам (даъват мекунам).Меҳрмандатон Меҳриёри МеҳрофаринТирмоҳи июли соли 2013.ТОҶИКИСТОН ГАҲВОРАИ ФАРҲАНГ ВА ЗАБОНИ ПОРСӢМеҳани фарзоми Тоҷикон нигини порсист,Гӯйиши ширини тоҷик ангубини порсист.Ман пур аз он сарзаминам, он ниёишсӯи1 дил,Карзамони2 осмонҳову замини порсист.Каъбаи мо, қиблаи мо, ишғи мост он хоки пок,Тоҷикистон, оре, он мину3 барини порсист.Кони фарҳангу адаб дар Ориёно буду ҳаст,Баҳри ҳар донишваре бобу беҳини порсист.Медурахшад ин биюги4 шоҳнозӣ бе замон,Хонаи хуршоду шаҳдухти шаҳини порсист.Готҳои5 Зардуҳишт онҷо навозишгар шуданд,Ин «ашам ваҳуя»6 фарҷоди7 меҳини порсист.Тоҷикистон то ануша ҳасту ҷовидонзамин,Нозиши гетӣ ануши ройу дини порсист.То лаби Шохоби поки Порсӣ лабрез азНоми орому зулолу меҳрбини порсист.То навои дилнишини шоҳваш Таҳмина бозАз Самангон ҳамчунин Рустамгузини порсист.То навои ҷони Ширин кандани Фарҳод боз,Нағмаҳои хусравони Ромтини8 порсист.То ки дар гӯши замину дашту кӯҳу обсол9,Лой-лойи10 очагуни11 дилнишини порсист.То ки парнихи12 Дамованд аршро нозишгар аст,Ҳар карона дар ҷаҳони ном в-азини13 порсист.Ҳар куҷо гӯши хирад бошад ниюшо найнавост,Он наво пажвоки14 дилдӯзи танини порсист.Дар забони Ҳинди иронӣ ва ё Афранги ҳинд15,Модари гетизабон, моми меҳини порсист.Паҳлавӣ ё паҳлавонӣ хонданаш опойи16 мо,Пас дарӣ ҳам гурду ниви17 чун Жупини18 порсист.Гар забонро дар расоиш боз бинӣ бошадаш,Шеваи болоишаш ройи навини порсист.Гармии вашту19 чамони20 вотҳо21 чун Готҳо,Аз апарҳоми22 вазини навташини23 порсист.Атри испармиву24 тархун бӯи ололаи сурх,Шӯриши гулпунаҳо ҳам аз ужини25 порсист.Сурхии лабҳои хушрӯёну ололарухон,Вомдори вожагонҳои ружини26 порсист.Чашмакороии нождуни27 Сипоҳони28 ғашанг,Воми шаҳрошӯби нози нождини порсист.Рангпардозии ҳар моҳ аз дувоздаҳ зарнигор29,Шоҳкори ортоӣ30 фарру дини порсист.Некгуфтории испанто Ашу Зартушти нағз,Аз сиришти пок бундоди ҳужини31 порсист.Дар сиришти дужвараштӣ моми Афридун боз,Бордор аз ормони Обтини32 порсист.То суруши меҳр дар гӯши хирад хунёгар аст,Ишғу озодӣ ҳамора дар гузини порсист.Нағмаҳои Рӯдакӣ аз Панҷрӯд афсунгар аст,Пири чангӣ майгари33 ҷоми заррини порсист.Пухта гардад хомҳои бехирад дар майпазон,Инчунин нағзинагӣ аз сотагини порсист.Пури Сино дарди бедармони ҷон дармон намуд,Чунки «Қонун»-у «Шифо» дар гофу шини порсист.Ин замин пардиси34 ҷону дил шавад фарҷоми кор,Ин фараҳваш35 ирамон аз ормини36 порсист.Гӯйиши ширини тоҷикӣ арӯси дилбарист,Нозиш нӯшиннавоҳояш чамини37 порсист.Он кӯҳнадижро бибояд посдор аз ҷон ниҳод,Чуки ин ишғофарин ҷонофарини порсист.Чомаю38 хома аз он ҷо дилнависи ҳам шуданд,Чунки дил ганҷина – кони бартарини порсист.Дар азал бугзида шуд бар тоҷдорӣ ин макон,Дар сарири шаҳриёрон шаҳнишини порсист.Сархушони наргисон, чолишгари гулчеҳрагон,Бозтоби нозҳои нозанини порсист.Меҳрубонӣ доду яксониву мардумбоварӣ,Ишғу фарҳангу адаб фарҳуди39 дини порсист.Пури ҳушивору бинишманди тоҷик нағз дид,Дужмани40 фарҳангу мардум дар камини порсист.Парниёни гулбаданҳои паризодони пок,Дар паранди покбозидан парини порсист.Порсоиро агар ҳафт осмон пиндоштем,Тоҷикистон осмони ҳафтумини порсист.Порсию порсоӣ пайраву пири ҳаманд,Ин фурӯзаш аз сиришти меҳргини порсист.Тоҷикистонам нахустин подгони фарраҳист,Фарру ҳанг41 ин сарзаминро ону ини порсист.Гар баҳори нозу насринро дар Ирон бингред,Тоҷикистон хончаҳои ҳафтсини порсист.Рӯзи Наврӯз аз гаҳи Ҷамшед кодикона42 шуд,Тоҷикистон зодгоҳи ростини порсист.Хушхиром, эй кабки хушхони дарӣ, к-ин43 тинҷӣ44 аст,Чашми шоҳини шикорӣ дурбини порсист.Бахт бо мо ёр шуд, давлат чӣ тоҷикона шуд,Подшоҳӣ з-ин маниш бо ҳамгинини порсист.Офарин бар сарварони давлати Тоҷи Каён,Давлате, ки дар ҷаҳон ҷони навини порсист.Порсӣ танҳо яке тира ва гӯйиш нест, нест,Порсойӣ гавҳаристони фарини порсист.Порсӣ дорад се гоҳон: як Авасто, ду Дарӣ,Паҳлавӣ ҳам ин дуро гоҳи меғини45 порсист.Пас Бухорову Душанбе, Кобулу Шерозу Рай,Ҳар яке дилвожаи арши барини порсист.Лаҳжаҳои гунагуни Ориён дар ҳар карон,Сарву сурӣ, настаран бо ёсумини порсист.Чини зулфи дилбаракҳо ҳам ба Чин, чин-чин бубин,Чинзан46 зулфони чин-чин, дастчини порсист.Ин танишҳои ҳаросангези аҳриманситез,Мавҷе аз дарёи жарфи саҳмгини порсист.Он беҳин «Бундод»47-и шоҳаншоҳ Куруш дар ҷаҳон,Шоҳбанди48 ройманди дилнишини порсист.Ҷони ман андешаву гуфтору кирдори наку,Дар ниҳоди вотҳои ортини порсист.Меҳру оромиши гетӣ, дӯстӣ, мардумбудӣ,Орзӯи дербози орвини порсист.Оташи симои Зартушту фурӯзи Пири Тус,Меҳргоҳи одарони49 оташини порсист.Орзӯи комронӣ некбахтӣ дар ҷаҳон,Баҳри мардум ормони вопасини порсист.Порсӣ, оре, ҷаҳонбинист, не танҳо забон,Ин гапи тоҷикӣ аз Меҳрофарини порсист.Аз омузгор: Меҳриёр Меҳрофарин.Вожаномаҳ1. Ниёишсӯ – қибла, сӯй, самту сӯе, ки мардум ба он сӯ ниёиш мекунанд2. Карзамон – малакут, аъло3. Мину-биҳишт4. Биюг – арӯс ва орӯс ҳам вожаест порсӣ, ки боз ҳам нораво маъриб шудааст ва «ъарӯс» навишта мешавад5. Хуршод – офтоб, хуршед6. Готҳо ё готаҳо – сурудаҳои омӯзгор Зартушт ё Зардуҳишт аст7. Ашам ваҳу – ниёши авастоӣ8. Ромтин ва Накисо сарояндагони номдор ва ҳамгинони Борбад9.Обсол – макони обҳои фаровон, сарчашмаи об, бӯстону гулистон10.Лой-лой – лолойи, алла11.Очагун – монанди модар12.Парних – нӯги қуллаи кӯҳ13.В-азин – арзишманд, гаронбаҳо14.Пажвок – бозтоби садо15.Ҳинди иронӣ ва Ҳинди аврупойи – Ҳиндустон, то омадани англисҳоҲинди иронӣ ном дошт, вале пас аз ғасби ин кишвар аз сӯйи бобокалони истеъмор – Инглистон Ҳинди Фаранг ё аврупоӣ номгузорӣ шуд16.Опой – обо, ниё, бобокалон17.Нив – паҳлавон18.Жупин – писари Кайковус19.Вашт – сурур, хушҳолӣ, рақс. Ин вожаро арабҳо муарраб карда ба «ваҷд»табдил додан20.Чамон – хиромон, рафтори бо ноз21. Вот – (вотҳо), ҳарф22.Апарҳом – сиришт, табиат23.Навташин – номи бародарикӯчаки Ашу Зартушт24.Испарм – номи порсии райҳон25.Ужин – гиёҳи хушбӯ26.Ружин – сурхфом27.Нождун,нождин – номи хиёбон ва боғест дар Исфаҳон28.Сипоҳон – Исфаҳони имрӯзӣ29.Дувоздаҳ зарнигор – киноя аз дувоздаҳ моҳ, киҳар моҳ ранги худро дорад30.Ортоӣ – (арт) вожаи авастоист ба маънои ҳунар ва ростӣ31.Ҳужин – сипанто, нексиришт, муқобили дужин32.Обтин – номи падари Фаридуншоҳи Тоҷи Каён, ки ба дасти Заҳҳоки морон кушта шуд33.Майгар – соқӣ34.Сотагин ё сотгин – зарфе, ки дар он май сохта мешуд35.Пардис – биҳишт36.Фараҳваш (Фараваҳр) – саодат ва беҳрӯзӣва орзӯи бузург37.Чамин – бо маъно. Чам-маънӣ38.Чома – ғазал39.Фарҳуд – ҳақ. Ҳақиқат40.Дужман – душман41.Фару ҳанг – шукӯҳ ва пешрафт42.Кодикона (тоҷикона) – дар забони форсии авастоӣ тоҷикро кодик ё додик мегуфтанд ва маънии он – додгар, додгустар, меҳрубон ва адолатпеша буд. Додикҳо ё кодикҳо куҳантарин мардуми ориёииҷаҳон ҳастанд, ки ба доду даҳиш шуҳрат доштанд ва ки дар замони шоҳони Каёнӣ ба Тоҷи Каёнӣ номӣ шуданд. (Нигаред ба «Хуҷанди занд» - навиштаи дигари М.Меҳрофарин)43.К-ин – кутоҳшудаи «ки ин» аст44.Тенҷӣ – аз вожаи порсии «денҷ» аст ба маънои дур аз хатар45.Меғин – миён, васат46.Чингар – ороишгар47.Бундод – оин, маншур48.Шоҳбанд – шоҳбайт49.Одиргон – меҳрова, дари меҳр ва ниёишгоҳ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев