Чун кӯчаи заргарон буд, ба ӯ гуфтанд, ки ин моли гарон аст.
Ҷавон гуфт:
___ Медонам. Аммо ин моли ман нест. Аз кист!?
Гуфтанд:
_______ Аз ину он бипурс.
Ҷавон пурсон шуд. Ва билохира маълум шуд, ки ангуштари як яҳудист.
Ҷавонро ангуштаро назди яҳудӣ овард.
Яҳуди дар ҳайрат афтоду гуфт:
Аз Шумо саволе дорам:
___ ШУМО МЕДОНИСТЕД, КИ ИН МОЛИ ГАРОН АСТУ СОҲИБАШ ҲАМ ЯК ЯҲУДИИ НОМУСАЛМОН АСТ, ЧИ АНГЕЗАЕ САБАБ ШУД, КИ АНГУШТАРО БА НАЗДИ МАН ОРӢ!?
Ҷавон посухи ҷолибе дод:
___ Дар хаёлам омад, ки дар рӯзи қиёмат қарор дорам. Ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати Мусо (а) нишаста буданду ҳардуи моро ба наздашон оварданд.
Ҳазрати Мусо (а) рӯй ба Паёмбари Худо (с) оварду гуфт:
_____ Оё ба пайравонат ёд надодӣ, ки ҳақи мардумро нахуранд, моли мардумро баргардонанд!?
___ Дар хаёлам дидам, ки Паёмбари Худо (с) сар ба зер афканданду ҳиҷил шуданд.
Ман намехоҳам фардо рӯзи қиёмат боиси шармсории ҳазрати Муҳаммад (с) гардам.
Шояд қисса асоси воқеи надорад. Аммо дарси хубест, барои пасифатоне ки аз номи Ислом бешарафи мекунанд ва онҳое ки исломситезанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1